Ҷануб пур аз аҷоиботу саргузаштҳост.

Дар шимол маъмулан ба ҳама чиз ноил гардидаанд. Ба харитаи ҷаҳон назар андозед ва мутмаин хоҳед шуд, ки ҳамин гуна аст.

Минтақаи ҷануби Тоҷикистон ба як гунае аз ҳаёти имрӯза қафо мондааст, вале танҳо дар ин ҷо метавон чӯшу хурӯши зиндагиро эҳсос кард.

Дар роҳ ба Кӯлоб шоҳиди рӯйдодҳои зиёде гаштем. Яке барои зимистон коҳ захира мекарду дигарӣ дар гармхона ба парвариши гулҳо машғул ва севумӣ аз зарфи махсус оби шӯр мегирифт.

Духтарони маҳаллӣ бошанд, дар гармии 40 дараҷаи тобистон рӯйҳоро бо рӯймол мепӯшониданд, то ки зебоии худро аз гармии тоқатфарсо наҷот диҳанд.