Дар қароргоҳи Хадамоти муҳоҷирати Русия мулоқоти директори хадамоти мазкур Константин Ромодановский ва сардори Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон Сафиалло Девонаев баргузор шуд.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вазъи кунунии будубоши муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, ҳамкории мутақобилаи ҳарду мақомот ҷиҳати амалисозии чораҳо барои роҳандозии механизмҳои пешгирӣ ва кам кардани муҳоҷирати ғайриқонунӣ баррасӣ шуданд.

Ҷонибҳо ҳамчунин атрофи амалисозии барномаҳои омӯзиши забони русӣ ва роҳандозии низоми муоинаи тиббии муҳоҷирон табодули афкор намуда, оид ба ин масоил пешниҳодоти мушаххаси худро иброз намуданд.

Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати Тоҷикистон, К.Ромодановский изҳор кардааст, ки хадамоти тобеъи ӯ дар фурсати наздиктарин ба амалисозии лоиҳаи санҷишӣ оид ба додани патентҳо ба муҳоҷирон барои кор дар Русия дар қаламрави Тоҷикистон шурӯъ мекунад.

Ин лоиҳа дар ҳамкории ду хадамот амалӣ гардида, дар марҳилаи аввал ба минтақаи шаҳру вилояти Маскав нигаронида мешавад. Навоварии мазкур хароҷот ва вақти муҳоҷирони корӣ барои омодасозии ҳуҷҷатҳоро сарфа менамояд.

Бастаи ҳуҷҷатҳои зарурӣ (ҳамчунин пардохтварақа (квитансия) дар бораи пардохти маблағи боҷ дар филиалҳои Бонки амонатгузории Русия дар Тоҷикистон) тавассути Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон ба Хадамоти муҳоҷирати Русия фиристода мешавад. Дар навбати худ, Хадамоти муҳоҷирати Русия пас аз таҳияву барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, патентро ба намояндагии Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар шаҳри Маскав ирсол мекунад.

Ҳамин тариқ, муҳоҷирони кории тоҷик имкон пайдо мекунанд, ки ҳанӯз дар ватан будубоши қонунии худро ба расмият дароранд ва ба Маскав омада, патент барои корро соҳиб шаванд.

Ҳамчунин зикр гардид, ки Хадамоти муҳоҷирати Русия омӯзишгоҳи касбӣ-техникии №66-и шаҳри Душанберо, ки ба муҳоҷирони кории тоҷик касбҳои бозоргир дар Русияро меомӯзад, ба таври иловагӣ бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин хоҳад кард.

Сафиалло Девонаев ба Константин Ромадановский дар бораи пешниҳодоти мушаххаси намояндагони диаспораҳои тоҷик дар Русия, ки рӯзи 3-юми декабр дар мулоқот бо онҳо дар шаҳри Маскав садо дод, маълумот дод. Ин пешниҳодот масоили механизми сертификатсиякунонии натиҷаҳои санҷиш (тест)-и донистани забони русӣ, таъсиси марказҳои муҳоҷиратро дар бар мегирифтанд, ки ба муҳоҷирон тамоми маҷмӯи хизматгузориҳо, аз ҷумла бимаи тиббии онҳо ва ғайраро таъмин мекунад.