Имрӯз дар Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Сардори Хадамоти муҳоҷират Сафиаллор Девонаев бо намояндагони созмонҳои ҷамъиятӣ (диаспораҳо), ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд, ҳамчунин, намояндагиҳои  корпусҳои дипломатии муқими Тоҷикистон баргузор  мегардад.

Тавре аз Маркази матбуоти хадамоти мазкур иттилоъ доданд, мақсад аз даъват намудани меҳмонон, баррасӣ ва ҳал намудани мушкилоти ҷойдошта дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ, пешгирии қонунвайронкуниҳои кишвари буду бош, инчунин кору фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ оид ба фаъолияти Хадамоти муҳоҷират, сохторҳои он, ташкил намудани Шӯрои ҷамъиятӣ ва ҳайати  он, вазифаҳои Хадамоти муҳоҷират ҷиҳати танзими равандҳои муҳоҷират дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назорат аз рӯйи буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар кишвар, мустаҳкам намудани ҳамкориҳо бо ташкилотҳои ҷамъиятӣ (диаспораҳо), ки дар қаламрави ҶТ ба қайд гирифта шудаанд, мавриди муҳокима қарор хоҳанд гирифт.