Ба иллати кифоя набудани қувваи шамол барои истеҳсоли нерӯи барқ, озмоиши нерӯгоҳҳои барқии иқтидори 20кВт дар минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ бенатиҷа анҷом ёфт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз корхонаи шабакаҳои барқи минтақаи Кӯлоб хабар дод, нерӯгоҳҳои бодии дар ноҳияҳои Фархор, Шӯрообод ва Балҷувон насбшуда муддати се сол ба таври бояду шояд ба кор надаромада, зарурати даст кашидан аз озмоиш ба миён омадааст.
Дар ҳамин ҳол, мегӯяд ҳамсуҳбат, нерӯгоҳҳои барқии иқтидори аз 0,3 то 1-2 кВт, ки аз ҷониби соҳибкорони хусусӣ бунёд шудаанд, муваффақона мавриди истифода қарор дошта, барои таъмини рӯшноии як хонавода истифода мегарданд.
Ҳамзамон дар минтақа тадриҷан нерӯгоҳҳои хурди офтобӣ писандида мегарданд. «Ба ин монанд 9 нерӯгоҳи хурд иофтобӣ дар ноҳияи Шӯрообод мудом ва бидуни мушкилот нерӯи барқ истеҳсол мекунанд», - гуфт манбаъ ва афзуд, ки як зумра соҳибкорон нияти харидани чунин нерӯгоҳҳоро изҳор кардаанд.
Қобили зикр аст, ки истифодаи нерӯгоҳҳои хурди офтобӣ маҳз дар ноҳияи мазкур басо муҳим аст, зеро шумори аҳолии маҳаллаҳои ин ҷо хеле кам буда, ҳамчунин онҳо аз хатҳои интиқоли барқи асосӣ дар масофаи дур ҷойгиранд. «Маҳз бо ҳамин сабаб аз 75 нерӯгоҳи хурди барқӣ дар минтақаи Кӯлоб 68-тоаш дар ноҳияи Шӯрообод сохта шудаст», - афзуд манбаъ.
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Сокини Твер дар бақайдгузории қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус” айбдор дониста шуд
Аз посух ба матлаби “CNN”, ки Синоро “ӯзбек” муаррифӣ кард то пешниҳоди “Тоқӣ” ба феҳристи UNESCO ва ҷарроҳии Нозим Меликов
Дар интихоботи президентӣ дар Беларус Александр Лукашенко пешсаф аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста