Дар ҷараёни кори як семинар таҳти унвони «Журналистикаи иқтисодӣ ва саводнокии молиявӣ: таъсир ба фақр ва рушди устувор. Дурнамо, мушкилот ва ҳамкории Тоҷикистону Қирғизистон», ки баргузории он рӯзҳои 29-30-юми май дар Бишкек ба нақша гирифта шудааст, журналистони тоҷику қирғиз ба табодули таҷриба дар самти рушди журналистикаи иқтисодӣ имкон пайдо хоҳанд кард.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Иттиҳодияи ҷамъиятии «Хома», яке аз созмондиҳандагони ин чорабинӣ хабар доданд, дар семинар ҳамчунин таҳияи усулҳо ва муайян кардани шакли ҳамкории имконпазир дар амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар назар аст.

«Журналистикаи иқтисодӣ ва саводнокии молиявӣ захираҳое мебошанд, ки ба шаҳрвандони бисёр кишварҳо бо шумули кишварҳои дар ҳоли рушд қарордошта барои афзоиши даромад ва беҳбуди сатҳи некӯаҳволӣ кӯмак мерасонанд, - зикр карданд дар ИҶ «Хома». – Ин масоил бахусус дар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим аст, зеро аксари аҳолии минтақа аз дастрасии мудом ба маълумоти иқтисодӣ маҳрум буда, дар масъалаи идораи молияи худ аз таҷрибаи кофӣ бархӯрдор нест. Сарфи назар аз мушкилот, ду кишвари минтақа – Тоҷикистону Қирғизистон дар ин самт кӯшишоти зиёд ба харҷ медиҳанд. Комёбиҳои муайяне ба даст оварда шуданд, вале мушкилот то ҳанӯз зиёд аст».

Ба иттилои манбаъ, дар семинар муколамаи журналистону коршиносон доир гардида, он масоили тамоили ҷаҳонӣ дар рушди журналистикаи иқтисодӣ, саводнокии молиявӣ, мушкилоти журналистикаи иқтисодӣ дар Қирғизистону Тоҷикистон, инъикоси дахолати давлат ба иқтисод, мушкилоти амнияти иттилоотӣ ва ҳамчунин рушди иқисодии минтақаҳоро фарогир хоҳад буд.

Дар кори семинар журналистон ва медиа-коршиносони Тоҷикистону Қирғизистон ширкат хоҳанд варзид.