Зимни мулоқот бо рӯҳониён ва намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрҳои Роғуну Ваҳдат ва навоҳии Нурободу Рашт ва Ҷиргатолу Файзобод дар шаҳри Ваҳдат ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими паёми сарвари давлат раиси Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ Абдураҳим Холиқов изҳор кард, ки дар зарфи 70 соли даврони шӯравӣ ҳамагӣ 23 нафар сокинони Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо мушарааф гардидаанд ва ин ҳам дар ҳолест, ки дар зарфи 21 соли соҳибистиқлолӣ ҳудуди 120 ҳазор нафар тоҷикистониён адоми маросими ҳаҷро анҷом доданд.

Тавре аз Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ хабар доданд, А.Холиқов аз имомхатибон ва кормандони масъули воҳидҳои кумита даъват кардааст, ки барои интихоби шаффофи зойирин ба ҳаҷ тамоми чораҳо андешида шавад.

Ба иттилои манбаъ, соли равон арзиши адои маросими ҳаҷ нисбат ба соли гузашта на ба миқдори 180 $, ки қаблан хабар дода шуда буд, балки ба андозаи 98 $ афзудааст. Бинобар бо асъори миллӣ пардохт намудани маблағ, баъзе нофаҳмиҳо рух додаанд. Ҳамин тариқ, соли равон арзиши маросими адои ҳаҷ барои шаҳрвандони Тоҷикистон 3 ҳазору 546 $ ё худ 17 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад.

«Кумита бо Бонки миллии ҷумҳурӣ ва «Ориёнбонк» ҷиҳати то анҷоми маросими ҳаҷ аз 4,83 сомонӣ бештар нагардидани қурби доллари ИМА нисбат ба асъори миллӣ қарордод ба имзо расонид, зеро хароҷоти сафари ҳаҷ ба Арабистони Саудиро Кумита бо доллари ИМА пардохт менамояд», - илова карданд дар кумита.

Соли равон Вазорати умури ҳаҷҷи Арабистони Саудӣ барои адои маросими ҳаҷ ба Тоҷикистон ба ивази 5,5 ҳазор квотаи соли гузашта 6 ҳазор квота ҷудо кард. Бо ин маблағ зоирини Хонаи Худо тавассути ҳавопаймо ба макони муқаддаси мусалмонон расонида шуда, бо меҳмонхона дар Маккаву Мадина, хӯроки севақта, кӯмаки тиббӣ, сарулибоси маъмулӣ, чорво барои қурбонӣ кардан, ҷомадон ва дигар хизматгузориҳои зарурӣ таъмин карда мешаванд.