Сафири ИМА Кен Гросс чанде қабл дар маросими расмии ифтитоҳи Маркази ташхисии «Нурафзо», ки дар Маркази миллии тиббӣ дар Қарияи Боло ҷойгир шудааст, ширкат варзид.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, ширкати мазкур соли 2010 ташкил дода шуда, ба наздикӣ дарҳои муассисаи нави худро дар шаҳри Душанбе боз намуд. Ин муассиса хизматрасонии ташхисиро бо истифода аз дастгоҳҳои томографияи компютерӣ, томографияи магнитӣ-резонансӣ ва рентгени рақамӣ фароҳам меорад. «Нурафзо» ба таври аксарият ба ширкати амрикоии «Axiom Investments» тааллуқ дорад, ки он ба соҳаҳои тандурустӣ ва маориф дар кишварҳои тараққикунанда сармоягузорӣ мекунад.
Зимни суханронии худ сафир Гросс иброз дошт, ки маркази ташхисии мазкур ҳамчун намунаи аълои сармоягузорӣ аз ҷониби Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба муассисае мебошад, ки ба аҳолии маҳаллӣ манфиати назаррас меорад. Маркази «Нурафзо» 21 нафар коршиносони баландихтисоси маҳаллиро бо кор таъмин мекунад ва ба мизоҷони зиёде аз шаҳри Душанбе ва манотиқи дигар хизмат мерасонад. Ин гурӯҳ бо сармоягузории ширкати «Axiom» тасмим дорад боз панҷ марказҳои ташхисиро дар Суғд, Хатлон ва маҳалҳои дигари Душанбе кушояд.
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Сокини Твер дар бақайдгузории қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус” айбдор дониста шуд
Аз посух ба матлаби “CNN”, ки Синоро “ӯзбек” муаррифӣ кард то пешниҳоди “Тоқӣ” ба феҳристи UNESCO ва ҷарроҳии Нозим Меликов
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста