Шуъбаи Ташкилоти байнулмилалии Институти «Ҷомеаи кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон дар вилоятҳои Суғду Хатлон 6 маркази ҷамъиятӣ боз мекунад.
Марказҳои мазкур муассисаҳои ҷамъиятии таълимоти томактабӣ буда, барои таъмини таълиму тарбияи кӯдакони аз 3 то 7-сола, ки бо ягон сабабе ба кӯдакистонҳо намераванду аз таълими томактабӣ маҳруманд, пешбинӣ шудааст.
Дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа ва ноҳияи Бохтари вилояти Хатлон маросими расмии ифтитоҳи чунин марказҳо доир гардида, ба наздикӣ ба ин монанд марказҳо дар шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Қайроққум ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ боз мешаванд.
Мушовири шуъбаи маорифи шаҳри Қӯрғонтеппа Муътабар Раҳматова мегӯяд, феълан дар шаҳр ҳамагӣ 15%-и кӯдакон бо тарбия дар муассисаҳои томактабӣ фаро гирифта шудаанд.
«Ҳамасола беш аз 2 ҳазор нафар кӯдакон ба остонаи мактаб по мениҳанд, вале ҳамагӣ 300-350 нафари онҳо пас аз тарбия дар муассисаҳои томакатабӣ ба таҳсил оғоз мекунанд, - таъкид дошт Раҳматова. – Аз ин рӯ, мо ба роҳандозии чунин таҷриба манфиатдорем, то ки кӯдакони синнусоли томактабӣ ва пеш аз ҳама, кӯдакон аз оилаҳои камбизоат дар чунин марказҳо барои таҳсил дар мактаб омода шаванд».
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Сокини Твер дар бақайдгузории қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус” айбдор дониста шуд
Аз посух ба матлаби “CNN”, ки Синоро “ӯзбек” муаррифӣ кард то пешниҳоди “Тоқӣ” ба феҳристи UNESCO ва ҷарроҳии Нозим Меликов
Дар интихоботи президентӣ дар Беларус Александр Лукашенко пешсаф аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста