Созмони байнулмилалии «Хабарнигорони бидуни марз» ба журналисти телевизиони «Сафина», ки мавриди лату кӯби шахсони номаълум қарор гирифта буд, дар ҳаҷми 300 доллари ИМА кӯмак кард. Дар ин бора аз Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ) хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, рӯзи 25-уми май раиси АМВАОМТ Нуриддин Қаршибоев маблағи зикршударо ба журналист супурдааст.
«Ташкилоти мо баҳри расонидани кӯмаки моддиву маънавӣ ба Далер Шарифов, ки барои изҳори мавқеи шаҳрвандӣ ва фаъолияти касбӣ осеб дид, ба созмони «Хабарнигорони бидуни марз» муроҷиат намуд ва ин кӯмак гувоҳи ҳамраъйии онҳост», - гуфт Қаршибоев.
Ба қавли номбурда, далер Шарифов аз АМВАОМТ ва шарикони он барои дастгириву кӯмак изҳори миннатдорӣ намуда, гуфтааст, сарфи назар аз таҳдиду саддгузориҳо, минбаъд низ фаъолияти густардаи журналистии худро идома дода, нияти аз роҳи интихобкарда баргаштанро надорад.
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Сокини Твер дар бақайдгузории қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус” айбдор дониста шуд
Аз посух ба матлаби “CNN”, ки Синоро “ӯзбек” муаррифӣ кард то пешниҳоди “Тоқӣ” ба феҳристи UNESCO ва ҷарроҳии Нозим Меликов
Дар интихоботи президентӣ дар Беларус Александр Лукашенко пешсаф аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста