«Лоиҳаи Барқароркунии шӯъбаи тавлиди беморхонаи Марказии шаҳри Панҷакент» бо маблағи умумӣ 106.314 доллари ИМА, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷопон, дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ маблағгузорӣ гашта буд, муваффақона ба итмом расид.

Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, рӯзи 23 майи соли 2012 ҷаноби Ҳиройуки Имаҳашӣ, сафири Ҷопон дар  Тоҷикистон ва ҷаноби Бобоҷон Домуллоев, ҷонишини якуми раиси шаҳри Панҷакент дар маросими анҷоми ифтитоҳи лоиҳа дар назди шӯъбаи тавлиди беморхонаи Марказии шаҳри Панҷакент иштирок карданд.

Ба воситаи лоиҳаи мазкур тирезаҳои пластикӣ, хатҳои дохилии барқӣ ва обтаъминкунӣ иваз гашта, ду бинои шӯъбаи тавлид дар маҷмуъ 1876 метри мураббаъ таъмир шуд. Зиёда аз 4600 модар ва тифлони навзод ба ҳолати гигиенӣ дастрас мешаванд. Дар назар аст, ки лоиҳа сатҳи фавти модаронро дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳи вилояти Суғд коҳиш медиҳад.

Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, соҳаҳои маориф ва тандурустии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Лоиҳаҳои амнияти башарӣ дар бахши аъзами аҳолӣ 282 лоиҳаро ба маблағи умумии $21.1 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.