Чанде қабл бо иштироки ҷаноби Ҳиройуки Имаҳашӣ сафири Ҷопон Тоҷикистон, хонум Тоҷиниссо Маҳмадова, муовини вазири маориф  ва ҷаноби Суҳроб Охунов,  раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ маросими мавриди истифода қарор гирифтани мактаби миёнаи рақами 8, ҷамоати «Иван Тоҷик»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ баргузор гардид.

Тавре аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон хабар доданд, “Лоиҳаи барқарорсозии мактаби миёна дар ҷамоати “Иван Тоҷик”-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ” бо дастгирии Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ бо маблағи умумияш 111.604 доллари ИМА муваффақона ба итмом расид.

Ҷамоати «Иван Тоҷик»-и ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бо миқдори аҳолии 12400 нафар дар минтақаи кӯҳистони баланд ҷойгир мебошад. Аз ҳисоби набудани вазъияти мувофиқи омӯзиш дар деҳаи Рогиф ҷамоати мазкур, мактаббачаҳо ба мактаби деҳаи ҳамсоя мерафтанд, ки дар масофаи дурдаст воқеъ аст. Барои самаронок гирифтани таълимот, рафтуомади масофаи дурдаст мушкили пеш меовард.  

Ба иттилои манбаъ, бинои мактаби нав, ки 252 метри мураббаъро ташкил медиҳад, бо утоқи муаллимон ва шаш синфхона бо ёрии грант сохта шуд. Мактаби нав шароити мувофиқи таълимӣ, коҳиши вақте, ки барои роҳ сарфа мешавад ва муҳофизати саломатии донишчуён кӯмак менамояд.

Кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва ташкилотҳои байналмиллалии ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққӣ расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон барои бахши аъзами аҳолӣ 282 лоиҳаҳои кӯмаки башариро ба маблағи умумии 21.1 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.