Дар мактаби № 23-и деҳаи Осмонбикаи ноҳияи Восеъ қабули шаҳрвандон ва вохӯрии узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Хатлон Ғайбулло Авзалов бо сокинони маҳаллӣ доир гардид.
Дар ин чорабинӣ мудирони шӯъбаю бахшҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва ташкилоту муассисаҳои вилоятӣ ва ноҳиявӣ, хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Восеъ Султон Валиев хабар дод, дар ин гуна вохӯриҳои сайёр ҳама мушкилот дарҳол мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифта, дар сурати афзалиятнок шуморида шудани ҳалли он, ба роҳбарони ташкилоту муассисаҳои сатҳи минтақавӣ ва вилоятӣ дарҳол ба иҷрои он супориши мушаххас дода мешавад.
Дар робита ба масъалаи табобати беморони сил ҳамин гуна ҳолат сурат гирифта, раиси вилоят ба Раёсати тандурустӣ ҷиҳати дарёфти маблағ барои барқарор кардани санаторияи муолиҷаи бемориҳои сил дар ҷамоати «Пахтакор», ки аз соли 1999 амал намекунад, супоришҳои мушаххас дод. «Ҳамчунин дар бораи кушодани шуъбаи таваллуд дар назди беморхонаи ҷамоати «Пахтакор» низ мебояд чораҳои таъҷилӣ андешид», - гуфт раиси вилояти Хатлон.
Дар масъалаи кашидани хатти низоми таъмин бо об қарор шуд, ки ин масъала дастаҷамъона ҳал гардад. «Ба ман фавран ҳисобу китобро пешниҳод кунед ва мо аз буҷет барои харидани қубурҳо, лавозимоти дигар ва таҷҳизот маблағи зарурӣ ҷудо карда, корҳои боқимонда тавассути ҳашари умумӣ ба иҷро расонида мешаванд», - изҳор кард Ғайбулло Афзалов.
Дар вохӯрӣ ҳамчунин мушкилоти мавҷуда дар бахши тандурустӣ, масъалаи ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони инфиродӣ ва мушкилоти хоҷагиҳои фермерӣ низ баррасӣ шуданд.
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Сокини Твер дар бақайдгузории қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус” айбдор дониста шуд
Аз посух ба матлаби “CNN”, ки Синоро “ӯзбек” муаррифӣ кард то пешниҳоди “Тоқӣ” ба феҳристи UNESCO ва ҷарроҳии Нозим Меликов
Дар интихоботи президентӣ дар Беларус Александр Лукашенко пешсаф аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста