Чанде қабл роҳбари намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Асрор Одинаев бо сардори Раёсати хадамоти федералии муҳоҷирати вилояти Кемеровои Русия Евгений Осипчук мулоқот кард.
Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти муҳоҷирати назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, дар ҷараёни мулоқот ба масоили фаъолияти хадамотҳо таваҷҷуҳ зоҳир шуда, ҳамчунин як қатор мушкилоти муҳими муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони Тоҷикистон дар қаламрави ин вилоят мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Ҷонибҳо атрофи чораҳои минбаъда ҷиҳати барасмиятдарории қонунии ҳуҷҷатҳои муҳоҷирон, ки барои ба таври қонунӣ кору зиндагӣ кардани онҳо шароит муҳайё месозад, табодули афкор намуданд.
Е.Осипчук зикр кард, ки Раёсати хадамоти федералии муҳоҷирати вилояти Кемеровои Русия ояндаи наздик ният дорад, ки Маркази ягонаи муҳоҷиратро боз намояд. «Дар ин марказ муҳоҷирон натанҳо ҳуҷҷатҳои ба таври қонунӣ ба фаъолият машғул шудан, балки полиси тиббӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои зарурӣ мутобиқи қонунгузории Русияро базудӣ дастрас карда метавонанд», - гуфт ӯ.
Дар навбати худ А.Одинаев ин иқдомро дастгирӣ намуда, изҳор кард, ки ҷониби Тоҷикистон дар ин самт ба ҳамкорӣ бо ҷалби имконоти КВД «Тоҷикхориҷакор омода аст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни сафар А.Одинаев ҳамчунин бо 40 нафар донишҷӯёни тоҷики Донишкадаи давлатии кишоварзии Кемерово ва ҳудуди 40 нафар бинокорони тоҷик, ки дар сохтмони як беморхона саҳм мегузоранд, низ мулоқот кард.
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Сокини Твер дар бақайдгузории қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус” айбдор дониста шуд
Аз посух ба матлаби “CNN”, ки Синоро “ӯзбек” муаррифӣ кард то пешниҳоди “Тоқӣ” ба феҳристи UNESCO ва ҷарроҳии Нозим Меликов
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста