Вазорати маорифи Тоҷикистон изҳор медорад, ки ба намояндагиҳои дипломатии муқими Тоҷикистон перомуни дархости кам кардани муҳлати раводиди донишҷӯёни тоҷик, аз ҷумла мутобиқи барномаи «Work and travel» мактуби расмӣ ирсол накардааст.
Бо ин изҳорот Вазорати маориф иттилои дар сомонаи Радиои «Озодӣ» нашршуда дар бораи маҳдуд кардани муҳлати раводиди донишҷӯён ва дар баробари сафар машғул шудан ба фаъолиятҳои меҳнатӣ аз 3 то ба 2 моҳро рад менамояд.
Сармутахассиси Раёсати муносибатҳои банулмилалии Вазорати маорифи ҶТ Фарида Гадоева мегӯяд, онҳо ба ҳеҷ яке аз намояндагиҳои дипломатӣ нома ирсол накардаанд, вале вазорат дарвоқеъ ҳам барномаҳое чун сафару корро дастгирӣ намекунад, зеро тибқи қонун, дар сурати 36 соат дар дарсҳо ҳозир набудан, донишҷӯ метавонад аз муассисаи таълимӣ хориҷ карда шавад.
«Сафар ба хориҷа дар чаҳорчӯби чунин барномаҳо барои ба дарсҳо ҳозир нашудан асос буда наметавонад, зеро онҳо барномаҳои таълимӣ нестанд, - зикр кард ӯ. – Мо барномаҳое ба монанди табодули донишҷӯёнро дорем, ки мутобиқи он донишҷӯёни тоҷик метавонанд барои таҳсил муддати ҳатто як сол дар хориҷи кишвар қарор дошта бошанд».
Бино ба маълумоти расмии Вазорати маорифи ҷумҳурӣ, соли хониши 2010-2011 дар хориҷи кишвар 735 нафар донишҷӯёни тоҷик таҳсили илм кардаанд. Онҳо дар муассисаҳои таълимии кишварҳои Русия, Чин, Эрон, Миср, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Белоррус ва ИМА ба таҳсил машғул будаанд.
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Сокини Твер дар бақайдгузории қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус” айбдор дониста шуд
Аз посух ба матлаби “CNN”, ки Синоро “ӯзбек” муаррифӣ кард то пешниҳоди “Тоқӣ” ба феҳристи UNESCO ва ҷарроҳии Нозим Меликов
Дар интихоботи президентӣ дар Беларус Александр Лукашенко пешсаф аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста