Чанде қабл дар Агентии омор дар доираи Лоиҳаи «Гендер ва идоракунии демократӣ барои рушд ва пешниҳоди хизматҳои заминавӣ (базавӣ) барои занон» дар мавзӯи «Арзёбии ҳолати омори гендерӣ дар соҳаи ҳифзи иҷимоӣ» мизи мудаввар баргузор гардид.

Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ хабар доданд, мизи мудавварро мутахассисони Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо омори иҷтимоӣ кор мебаранд, гузарониданд.

Дар вохӯрии мазкур бо суханони ифтитоҳӣ ва фаҳмонида додани мақсад ва вазифаҳои гузошташуда дар назди мақомоти омор доир ба омори гендерӣ, Директори Агентии омор – Муҳаммадиева Б.З. ва муовини Вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – Шарипова Л. баромад намуданд.

Дар чорабинии мазкур мутахассисони хадамоти назорат дар соҳаи меҳнат, шуғл ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, агентиҳои давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва муҳоҷират; суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа; хадамоти давлатии ташхиси тиббӣ-иҷтимоӣ, раёсати ҳифзи иҷтимоии Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, намояндагони ташкилоти байналмилалии «ООН женщины», ЮНИСЭФ,  ФҶ «Панорама» ва ғайраҳо иштирок доштанд.

Будникова Е.В. – сардори шӯъбаи омори иҷтимоии Агентии омор, оид ба натиҷаҳои арзёбӣ доир ба омори мавҷудаи дастрасӣ ба ҳифзи иҷтимоӣ, бахусус занон ва кӯдакон, дастовардҳо ва мушкилиҳои ҷамъоварии маълумотҳо баромад кард.

Диққати махсус ба монторинги мунтазам дар соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, ки барои таҳияи чорабиниҳои самараноки сиёсати соҳа ва арзёбии зуҳуроти онҳо барои табақаи камбизоат муҳим мебошад, равона карда шуд.

Фикру андешаҳо дар бораи зарурати гирифтани маълумотҳо аз рӯи ҷинс ва синну соли шахсоне, ки дар муассисаҳои табобатӣ ҷойгир ҳастанд; дар бораи шумораи кӯдаконе, ки дар таъминоти пурраи давлатӣ қарор доранд; дар бораи шумораи заноне, ки кӯмакпулӣ барои таваллуди кӯдак мегиранд, дар бораи шахсони имтиёздор – гирандагони кӯмакҳои иҷтимоӣ аз рӯи хизматрасониҳои санаторӣ-беҳдоштӣ; дар бораи шумораи шахсоне, ки ҷубронпулӣ мегиранд; дар бораи пардохт ва андозаи ҷубронпулиҳо барои хонандагони сини 7-15 солаи оилаҳои камбизоат ва ғайраҳо баён карда шуданд.

Иштирокчиёни семинар шарҳу тавзеҳот ва пешниҳодҳояшонро оид ба беҳтар намудани ҳамоҳангии фаъолияти мутахассисоне, ки барои ҷамъоварии маълумотҳои омори гендерӣ машгӯл ҳастанд ё масъул мебошанд иброз намуда, тавсияҳоро дар бораи аз нав баррасӣ намудани шаклҳои ҳисоботӣ бо дарназардошти омилҳои гендерӣ, пешниҳоди ҳисоботҳои электронӣ, ҳамчунин бартараф намудани нишондиҳандаҳое, ки такрор мешаванд, қабул намуданд.