Намояндагии ташкилоти ҷамъиятии «Насли ҷавони Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд ва «Федератсияи миллии муҳорибаи тан ба тани Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба амалисозии лоиҳаи «Якҷоя баҳри тарзи ҳаёти солим!» шурӯъ намуданд. Лоиҳа барои 3 моҳ пешбинӣ шудааст.

Тавре менеҷери кор бо ҷомеаи ТҶ «Насли ҷавони Тоҷикистон» Қамарбек Амаков хабар дод, лоиҳа барои мусоидат намудан дар беҳтаркунии саломатии репродуктивии ҷавонон дар Осиёи Марказӣ тавассути баланд бардоштани маълумотнокии ҷавонон оиди масъалаҳои саломатии репродуктивӣ ва ҳуқуқ, малакаҳои ҳаётӣ, пешгирии ВНМО, натиҷаҳои манфии истифодабарии нашъа ва ҷалбкунӣ ба чорабиниҳои тарзи ҳаёти солим равона шудааст.

Ба гуфтаи вай, дар доираи лоиҳа мусобиқаи осиёӣ дар муҳорибаи тан ба тан ташкил карда мешавад, ки ба он варзишгарони ҷавон аз давлатҳои ҳамсояи дӯстонаи Осиёи Марказӣ ва Русия даъват карда мешаванд. «Ба ғайр аз иштирок дар мусобиқа барои варзишгарон семинарҳои омӯзишӣ оиди масъалаҳои саломатии репродуктивӣ ва ҳуқуқ, пешгирии нашъамандӣ, ВНМО/БПНМ гузаронида мешаванд. Дар байни меҳмононва тамошобинони мусобиқа аз тарафи ихтиёриён ва тренерони «Ҳамсол ба ҳамсол» маълумотноккунӣ ва паҳнкунии маводҳои маълумотӣ – омӯзишӣ дар мавзӯъҳои «Пешгирии бемориҳои муҳими иҷтимоӣ» (ВНМО/БПНМ, БСҶ, нашъамандӣ) гузаронида мешаванд», - иброз дошт ӯ.

Ба иттилои манбаъ, лоиҳа барои пешрафти рафтори бехатар ва тарзи ҳаёти бехатар мутобиқи вазифаҳое, ки дар барномаҳо ва стратегияҳои зерин: «Стратегияи миллии ҶТ оиди ҳифзи саломатии кӯдакон ва наврасон то соли 2015»; «Барномаи рушди саломатии ҷавонон барои солҳои 2011-2013»; «Барнома оиди муқовимат бо эпидемияи ВНМО/БПНМ барои солҳои 2011-2015»; «Барнома оиди пешгирӣ ва муқовимат бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир дар ҶТ барои солҳои 2008-2012» инъикос ёфтаанд, мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин лоиҳа барои мустаҳкамкунии ҳамкории минтақавӣ дар тарғиби варзиш ҳамчун алтернативаи итеъмоли нашъа ва рафтори хатарнокишаҳвонӣ ёрӣ хоҳад дод.

Қобили зикр аст, ки лоиҳа бо дастгирии техникӣ ва молиявии барномаи минтақавии «Тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ/Тоҷикистон»-и Ҷамъияти Олмон оид ба ҳамкории байналмиллалӣ (GIZ) дар Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.