Шоми 7-уми  июн раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳайати Бонки Умумиҷаҳониро таҳти сарварии намояндаи доимии Бонки мазкур дар Тоҷикистон хонум Марша МакГро Олив бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба тақвияти чораҳо оид ба татбиқи марҳилаи дуюми Лоиҳаи бо обтаъминкунии шаҳри Душанберо, ки тўли панҷ сол азхудкунии 16 млн $ гранти бебозгашти Бонки Умумиҷаҳонӣ ва 3 млн $ маблағгузории Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанберо дар бар гирифта, он хизматрасонии қарзии вазорати молияро дар ин самт  ихтисор менамояд, мавриди баррасӣ қарор дода, ҷараёни корҳои анҷомгирифтаи лоиҳавиро мусбӣ арзёбӣ намуданд.

Зикр гардид, ки марҳилаи дуюми Лоиҳа баҳри ташкили фаъолияти самараноки КВД «Обу корези Душанбе» барои кам кардани талафот ва сарфаи оби истеҳсолшуда ба 76, 5 ҳазор муштариён (47%) насби ҳисобкунакҳои обӣ, беҳбудбахшии вазъи молиявӣ ва таъмини худмаблағгузорию рушди институтсионалӣ ва худидоракунии корхонаро дар бар мегирад, масъалаи бо ҷалби институтҳои донорӣ ва саҳмгузории шаҳрдорӣ дарёфти манбаъҳои иловагӣ оид ба насби саросарии ҳисобкунакҳои обӣ ба кулли муштариён  ва ба пуррагӣ иваз намудани филтирҳои обполоишӣ дар истигоҳхои дахлдори КВД «Обу корези Душанбе» ва ҷоннок намудани корҳои таблиғотию фаҳмондадиҳӣ миёни муштариён тавассути ВАО мувофиқ ба мақсад мебошад.