Масҷиди оилаи Тӯраҷонзодаҳо ҳамчун масҷиди адои намози панҷгона боқӣ мемонад. Дар ин бора дар шарҳи Кумитаи умури дини назди ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба қарори суди шаҳри Ваҳдат ишора мешавад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи оилаи Тӯраҷонзодаҳо хабар дод,  шарҳи мазкур аз ҷониби Кумитаи дин дар мувофиқа бо суди шаҳри Ваҳдат ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пешниҳод шудааст.

Ёдрас мекунем, ки ахири моҳи май оилаи рӯҳониёни маъруфи кишвар Тӯраҷонзодаҳо изҳор карда буданд, ки аз болои ҳукмномаи суди шаҳри Ваҳдат оид ба манъи фаъолияти он ҳамчун масҷиди ҷомеи намози ҷумъа тибқи даъвои Кумитаи умури дин ба зинаи болоӣ шикоят бурданианд.

Бузургмеҳр Ёров хабар дода буд, ки дар нусхаи ҳукмномаи аз суд дастрасшуда сари пурра баста шудани масҷид сухан меравад, ҳарчанд нахуст дар бораи маҳдуд кардани фаъолияти он ҳамчун масҷиди ҷомеи намози панҷгона даъво пеш оварда шуда буд.

Судяи шаҳри Ваҳдат изҳор карда буд, ки ӯ танҳо оид ба маҳдуд кардани фаъолияти масҷид ҳукм содир намудааст ва дар сурати идома ёфтани намозҳои панҷгона дар масҷид, он ба ҳукми суд мухолифат нахоҳад кард.

«Ба ҳар ҳол, шарҳу тавзеҳи қарори суд дигаргунатар аст. Аз ин рӯ, мо тасмим гирифтем, ки ба Суди олӣ муроҷиат кунем, зеро дар сурати дар масҷид идома ёфтани намозҳои панҷгона, оилаи Тӯраҷонзодаҳоро ба риоя накардани ҳукмномаи суд метавонанд муттаҳам созанд», - гуфта буд Ёров.

Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар робита ба ин масъала изҳор кард, ки «мо ба намозгузорӣ дар масҷид идома медиҳем. Бигзор моро ба маҳкама бикашанд, вале мо ба ибодат дар ин ҷо хотима намебахшем».

Вакили мудофеъ ҳамчунин гуфта буд, «агар Суди олӣ манъ шудани намози панҷгона дар масҷиди «Муҳаммадия»-ро тасдиқ намояд, мо ба судҳои байнулмилалӣ муроҷиат карданием».

Баҳси ҳукуматдорону оилаи Тӯраҷонзодаҳо оид ба шарҳу тавзеҳи баъзе масоили динӣ аз моҳи декабри соли гузашта идома дорад. Он замон Кумитаи умури дини ҷумҳурӣ бародарон Тӯраҷонзодаҳоро дар баргузории маросими «Ошӯро»-и мазҳаби шиа дар масҷиди «Муҳаммадия» ва ҷонибдорони ин мазҳаб муттаҳам дониста буд. Кӯшишҳои бародарон дар мавриди маънидоди нодуруст будани ин хулосаи кумита бенатиҷа анҷом ёфтанд. Сипас Кумитаи дин аз суд талаб кард, ки фаъолияти масҷиди бародарон Тӯраҷонзодаҳо маҳдуд карда шавад.

Дар ҳамин ҳол Вайсиддин Қурбонов имомхатиби масҷиди «Муҳаммадия» боқӣ монда,  Маҳмуд Қаҳҳоров муовини ӯ таъин гардид.