Дар фабрикаи парандапарварии муштараки Тоҷикистону Эрон дар ноҳияи Мӯъминобод ба парвариши зоти нави мурғҳои гӯштӣ оғоз карданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» раиси ноҳияи Мӯъминобод Пирмад Зарифов хабар дод, тибқи ҳисобҳои пешакӣ ҳар мурғи ин зот ҳадди аққал 3 кг гӯшт хоҳад дод ва ин ҳам дар ҳолест, ки вазни чунин маҳсулот дар кишвар каме зиёдтар аз 1 кило аст. «Озмоиши ғизодиҳӣ нишон дод, ки вазни гӯшти ин навъи мурғҳоро метавон то ба 9 кило расонид», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, бо парвариши ин мурғҳо мушкилоти воридоти мунтазами тухмҳо аз Эрон, ки минбаъд ба нархи маҳсулот таъсир мегузорад, низ ҳал гардида, айни замон масъалаи тайёр кардани ғизои махсус барои мурғҳо дар маҳал мавриди ҳаллу фасл қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, чӯҷаҳои аввалин бароварда шуда, вазнашон дар як шабонарӯз аз 84 то 110 грамм зиёд мешавад. Дар суҳбат бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» мутахассисони корхона гуфтанд, на дертар аз 1-уми июли соли равон фурӯши гӯшти мурғ ба аҳолӣ оғоз мегардад ва то ахири сол парандапарварон ният доранд, ки ба бозор то 300 тонна гӯшти мурғ ба фурӯш бароранд. «Айни замон барқарор кардани боз 12 мурғхона идома дорад, ки ба ду баробар зиёд кардани истеҳсоли гӯшт мусоидат хоҳад кард», - гуфтанд мутахассисон.
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Сокини Твер дар бақайдгузории қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус” айбдор дониста шуд
Аз посух ба матлаби “CNN”, ки Синоро “ӯзбек” муаррифӣ кард то пешниҳоди “Тоқӣ” ба феҳристи UNESCO ва ҷарроҳии Нозим Меликов
Дар интихоботи президентӣ дар Беларус Александр Лукашенко пешсаф аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста