Чанде қабл дар Дафтари Барномаи рушди СММ дар Душанбе бо иштироки директори ташкилоти ҷамъиятии «Зан ва Замин», дорандаи ҷоизаи бонуфузи «Экватор-2012» ва иштирокчии нишасти РИО+20 Муҳаббат Мамадалиева нишасти матбуотӣ доир гардид.
Намояндаи доимии Барнмаи рушди СММ дар Тоҷикистон Александр Зуев зимни суханрониаш изҳор кард, ки дар кори конфронси СММ оид ба рушди устувор «Рио+20» дар Бразилия беш аз 40 ҳазор нафар намояндагони 194 кишвари ҷаҳон ширкат варзида, омодагии худ ба гузаштан ба роҳи устувори рушди иқтисодиву иҷтимоӣ бо назардошти ҳалли мушкилоти иқтисоди «сабз» ва коҳиши сатҳи камбизоатиро изҳор намуданд. «Аксари кишварҳо барои амалӣ кардани ин ҳадафҳо дар ҳаҷми умумии 513 млрд. доллари ИМА ба худ уҳдадорӣ гирифтанд, ки ба кори пешбурди ҳифзи муҳити зист дар саросари ҷаҳон мусоидат хоҳад кард», - гуфт ӯ.
Роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии экологии «Зан ва Замин», номзади илмҳои биологӣ Муҳаббат Мамадалиева аз таассуроти бардоштаи худ аз конфронси мазкур ибрози андеша намуда, зикр кард, ки дар давраи ду соли ахирТ ҒД-и «Зан ва Замин» миёни дигар довталабон аз минтақаи Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ ягона ғолиб дониста шуд.
«Ташкилоти мо соли 1999 таъсис дода шуда, кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки дастрасии занони фермер ба заминро таъмин намуда, рушди бахши кишоварзии бисёрсоҳаро дастгирӣ кунад ва ба таблиғи нигоҳдории гуногуншаклии биологӣ тавассути истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ машғул аст», - иброз дошт Мамадалиева.
Ёдрас мекунем, ки Роҳбари ташкилоти ғайридавлатии «Зан ва замин»-и Тоҷикистон Муҳаббат Мадалиева барои ташаббусҳо дар бахши экология ва рушди маҳалҳо ба мукофоти Барномаи рушлди СММ «Экватор» сазовор гардид. ТҶ «Зан ва Замин» аз ҷониби созмони Christensen Fund ба сифати довталаб пешниҳод шуда буд.
Ҳамчунин 25 нафар фаъолон ва ташкилотҳое, ки ба масоили ҳифзи табиат дар сатҳи хонаводаҳо машғуланд, низ бо муофотҳо қадрдонӣ шудаанд. Соли равон дар озмун 800 нафар довталабон аз 113 кишвари ҷаҳон иштирок карданд. Маросими тақдими мукофотҳо дар чаҳорчӯби ҳамоиш дар Рио-де-Жанейро бо дастгирии Барномаи СММ оид ба муҳити зист ва Барномаи рушди СММ баргузор гардид.
Мамадалиева аз таваҷҷуҳи Барномаи рушди СММ ба намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори миннатдорӣ намуда, иброз дошт, ки чунин иқдом ба дигар ТҒД баҳри иштироки фаъолона дар рушди ҷомеа такони ҷиддӣ хоҳад бахшид.
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Сокини Твер дар бақайдгузории қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус” айбдор дониста шуд
Аз посух ба матлаби “CNN”, ки Синоро “ӯзбек” муаррифӣ кард то пешниҳоди “Тоқӣ” ба феҳристи UNESCO ва ҷарроҳии Нозим Меликов
Дар интихоботи президентӣ дар Беларус Александр Лукашенко пешсаф аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста