Агентии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) пешсафии ҷавонони Тоҷикистонро тавассути гузаронидани силсилаи лагерҳои тобистона, ки ҷузъи барномаи «Ҷавонони пешсаф” буда, аз ҷониби Каунтерпарт Интернешнл ташкил карда шудааст, ташвиқ менамояд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, чилу панҷ нафар иштирокчиён аз се минтақаи кишвар, водиҳои Зарафшон, Рашт ва вилояти мухтори Бадахшон аз 6 то 11 июл дар лагери тобистонаи шашруза воқеъ дар мавзеи Ромит, иштирок менамоянд ва бо ҳамсолони худ аз минтақахои гуногуни мамлакат вохўрда масъулияти шахрвандӣ ва малакаҳои пешвоии худро такмил медиҳанд.
Барномаи "Ҷавонони пешсаф"-и USAID соли 2011 барои баланд бардоштани иштироки ҷавонон дар ҳаёти ҷомеа тавассути ба ҷавонон омўзонидани малакаи пешвоӣ, ҳисси масъулияти шаҳрвандӣ ва малакаҳои волонтёрӣ (кӯмакдиҳандаи ихтиёрӣ) фаъолияти худро шурўъ кард. Каунтерпарт Интернэшнл лоиҳаи мазкурро дар ҳамкорӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва мақомоти давлатии маҳаллӣ амалӣ мекунад. Лоиҳа дар нўҳ ҷамоатҳои минтақаҳои интихобшуда татбиқ мешавад.
Лоиҳаи USAID “Барномаи ҷавонони пешсаф” яке аз лоиҳаҳои зиёди кӯмакрасоне мебошад, ки аз ҷониби мардуми Амрико тавассути USAID дастгирӣ мешавад. Сафорати ИМА дар ш. Душанбе аз соли 1992 то инҷониб зиёда аз 984 миллион долларро барои амалӣ гардонидани барномаҳое, ки амният, ниҳодҳои демократӣ, бахши иҷтимоӣ ва рушди иқтисодии Тоҷикистонро дастгирӣ менамоянд, ҷудо намудааст.
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Сокини Твер дар бақайдгузории қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус” айбдор дониста шуд
Аз посух ба матлаби “CNN”, ки Синоро “ӯзбек” муаррифӣ кард то пешниҳоди “Тоқӣ” ба феҳристи UNESCO ва ҷарроҳии Нозим Меликов
Дар интихоботи президентӣ дар Беларус Александр Лукашенко пешсаф аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста