Дар Тоҷикистон барои гузаштан ба дигар хат ҳеҷ зарурате нест, - гуфт зимни нишасти хабарӣ вазири маорифи ҷумҳурӣ Нуриддин Саидов.
«Ҷумҳурии мо чандин бор аз ин марҳилаҳо гузаштааст ва мо хубӣ аз он огаҳем. Ғайр аз ин, таҷрибаи ҳамсоякишварҳо гувоҳи он аст, ки ба ин зарурате мавҷуд нест», - зикр кард вазир дар робита ба шарҳи маводи зиёд дар матбуот оид ба зарурати гузаштан аз хатти кириллӣ ба арабӣ.
«Агар касе хоҳиши омӯхтани ин хатро дошта бошад, бигзор биомӯзад, - гуфт вай. – Дар барномаи таълимии макотиби таҳсилоти умумӣ фанни «Алифбои ниёгон» мавҷуд аст».
Ӯ таъкид кард, ки аксари олимону адабиётшиносони кишвар ин хатро ба хубӣ дониставу аз он истифода мекунанд.
Дар робита ба хориҷ шудани фанни «Асорсҳои дин» аз барномаи таълимии мактабҳо вазир изҳор кард, ки мактаб дар Тоҷикистон муассисаи дунявӣ буда, дар он ҷо набояд ислому динҳои дигар таълими дода шаванд.
Н. Саидов гуфт, таърихи дини исломро метавон дар мактабҳои олии кишвар («Таърихи адён»)_ омӯхт ва афзуд, ки ҳангоми кор дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз ин фан дарс низ гуфтааст.
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Сокини Твер дар бақайдгузории қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус” айбдор дониста шуд
Аз посух ба матлаби “CNN”, ки Синоро “ӯзбек” муаррифӣ кард то пешниҳоди “Тоқӣ” ба феҳристи UNESCO ва ҷарроҳии Нозим Меликов
Дар интихоботи президентӣ дар Беларус Александр Лукашенко пешсаф аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста