Дар Тоҷикистон як ниҳоде созмон дода мешавад, ки ба мониторинги маводи дар шабакаи Интернет интишоргардида машғул хоҳад шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Зуҳуров хабар дод, ояндаи наздик ин ниҳод дар Вазорати адлия сабти ном шуда, ҳайати он аз ихтиёриён, аз ҷумла рӯзноманигорони ватанӣ иборат хоҳад буд.
Б.Зуҳуров таъкид кард, ки ин ниҳод ба Хадамоти алоқа ҳеҷ муносибате нахоҳад дошт. Дар мусоҳиба ба ОИ «Авеста» ӯ дар робита ба ин масъала изҳор доштааст, ки «Хадамоти алоқа ташаббускори таъсиси як комиссияе аст, ки маводи дар Интернет нашршуда бо муҳтавои «туҳмат» ва «таҳқир»-ро пайгирӣ хоҳад намуд».
Дар мусоҳиба ба ОИ «Азия-Плюс» Бег Зуҳуров иброз дошт, ки имрӯзҳо дар шабакаи Интернет маводе ба нашр мерасанд, ки дар онҳо нисбат ба шахсияти роҳбарони кишвар суханҳои қабеҳу тавҳиномез ҷой доранд ва ихтиёриёни ин ниҳоди тозатаъсис муаллифони чунин шарҳҳоро ошкор хоҳанд кард.
«Ман аз ин огоҳ нестам, шояд онҳоро (шарҳнависонро) «табобат» ё ба роҳи рост ҳидоят мекунанд», - гуфт ӯ.
Б.Зуҳуров бар ин назар аст, ки чунин шарҳҳо фармоишӣ буда, муаллифони онҳо аз душманони халқи тоҷик маблағҳои пулии зиёд мегиранд. «Ин тиҷорати шахсони ҷудогонаест, ки барои пул ватанро мефурӯшанд, - мутмаин аст ӯ. – Ҳар нафаре, ки худро эҳтиром мекунаду ба рушди ватанаш манфиатдор аст, бояд бо ин афрод дар мубориза бошад».
Сардори Хадамоти алоқа афзуд, аллакай чанде аз муаллифони ин гуна шарҳҳо дар Интернет ошкор шудаанд. Аммо Зуҳуров дар бораи чӣ гуна чораҳо андешидан нисбат ба онҳо чизе нагуфта, изҳор кард, ки ба ифшои ин маълумот салоҳиятдор нест.
Ёдрас мекунем, ки 12-уми июни соли равон Хадамоти алоқаи ҷумҳурӣ муддати чанд рӯз дастрасӣ ба сомонаи ОИ «Азия-Плюс»-ро қатъ карда буд. Он замон Зуҳуров изҳор дошта буд, ки чанде аз шарҳҳои тӯҳматомезу таҳқиркунандаи корбарони сомона ба ин асос шудааст. Пас аз хориҷ кардани шарҳҳои мазкур дастрасӣ ба сомона барқарор карда шуд.
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Сокини Твер дар бақайдгузории қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус” айбдор дониста шуд
Аз посух ба матлаби “CNN”, ки Синоро “ӯзбек” муаррифӣ кард то пешниҳоди “Тоқӣ” ба феҳристи UNESCO ва ҷарроҳии Нозим Меликов
Дар интихоботи президентӣ дар Беларус Александр Лукашенко пешсаф аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста