Дар нишасти хабарӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии нуфус муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Ҳамидуллохон Фақеров изҳор кард, ки ахири соли равон аз таваллуди шаҳрванди 8-млн. нафараи Тоҷикистон интизорӣ меравад.
Нишасти хабарии мазкур аз ҷониби UNFPA (Бунёди СММ оид ба нуфус) созмон дода шуда, дар он ҳамоҳангсози доимии СММ дар ҶТ, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар ҶТ ва намояндаи UNFPA дар Тоҷикистон Александр Зуев, намояндагони Агентии омор, Вазорати тандурустӣ ва дигар муассисаву ташкилотҳо иштирок карданд.
Ба гуфтаи Фақеров, шаҳрванди 8-млн. нафараи Тоҷикистон ахири соли равон ё дар семоҳаи аввали соли 2013 ба дунё меояд. «Вазъи солимии ҷомеа, банақшагирии оила ва ғайра бештар ба вазъи иқтисод вобаста буда, дар ҷумҳурӣ айни замон амалисозии Стратегияи коҳиши сатҳи камбизоатӣ ба итмом мерасад», - гуфт ӯ.
Ба қавли муовини вазир, аз рӯйи натоиҷи амалисозии стратегияи мазкур феълан сатҳи камбизоатӣ аз 80%-и солҳои пешин то ба 41% поин оварда шуд ва ин тамоили коҳиш идома дорад.
Номбурда гуфт, айни замон дар Тоҷикистон бо дастгирии Барномаи рушди СММ таҳияи стратегияи нав оид ба беҳбуди сатҳи некӯаҳволии мардум оғоз гардид. «Вазъи зиндагии ҳар як узви ҷомеа, оилаи ӯ, сатҳи дастрасӣ ба неъматҳои моддӣ ва дигар имтиёзҳо, пеш аз ҳама таъмини дастрасӣ ба кӯмаки тиббӣ аз ҷумлаи ҷанбаҳои асосии стратегияи нав маҳсуб меёбанд», - таъкид кард Фақеров.
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Сокини Твер дар бақайдгузории қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус” айбдор дониста шуд
Аз посух ба матлаби “CNN”, ки Синоро “ӯзбек” муаррифӣ кард то пешниҳоди “Тоқӣ” ба феҳристи UNESCO ва ҷарроҳии Нозим Меликов
Дар интихоботи президентӣ дар Беларус Александр Лукашенко пешсаф аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста