Бо қарори Шӯрои уламои кишвар соли равон моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон аз 20-уми июл, рӯзи ҷумъаи ҳамин ҳафта оғоз мегардад.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Шӯрои уламои ҷумҳурӣ хабар доданд,  аз рӯйи тақвими мусулмонӣ, рӯзи нав на дар нимашаб, балки баъди ғуруби офтоб шурӯъ мегардад. «Аз ин рӯ, намози таровеҳи рӯзи якуми Рамазон рӯзи панҷшанбе, 19-уми июл баргузор мешавад», - гуфт манбаъ.

«Шӯрои уламои кишвар аз ҳамаи тоҷирону савдогарон даъват мекунад, ки дар моҳи шарифи Рамазон мувофиқи имкон нархи маҳсулот, пеш аз ҳама маводи ғизоиро арзон кунанд», - гуфтанд дар Шӯрои уламо.

Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон ҳукми Худованд буда, мисли намозу закот яке аз рукнҳои муҳими ислом мебошад. Рӯза иборат аз худдорӣ намудан аз хӯрдан, ошомидан ва ҳамхобагӣ кардан аз субҳи содиқ то ғуруби офтоб аст. Рӯзаи моҳи шарифи Рамазон аҷру савоби бузург ва подоши бешумор дорад. Паёмбари гиромӣ рӯзаи моҳи Рамазонро сипар ва нигаҳдорандаи соҳиби худ аз оташ номида, фармудааст, ки «рӯза доштан танҳо нахӯрдану наошомидан нест, балки парҳез аз суханҳои ношоиста ва корҳои зишт низ мебошад».