Имомхатибони шаҳри Душанбе барои ҳалли масъалаи пешгирии болоравии нархҳо дар моҳи шарифи Рамазон бо маъмурияти бозорҳои пойтахт вохӯрӣ доир месозанд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Кумитаи умури дини назди ҳукумат хабар доданд, ин масъала чанде қабл дар мулоқоти раиси ин Кумита Абдураҳим Холиқов бо имомхатибони масҷидҳои ҷомеи пойтахт баррасӣ шуд.
Ба иттилои манбаъ, дар мулоқот раиси Кумита зикр кардааст, ки имомхатибон дар ҳамдастӣ бо намояндагони Кумита ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бояд бо шахсони масъули бозорҳо вохӯрӣ доир намоянд, то ки болоравии сунъии нархҳоро боздоранд.
«Ӯ аз имомхатибон ҳамчунин даъват ба амал овард, ки бо ибодаткунандагон дар бораи фазилатҳои моҳи шарифи Рамазон суҳбатҳо карда, ба фурӯшандагон талқин созанд, ки онҳо ба таври сунъӣ нарҳоро ба маводи ғизойӣ боло набаранд», - гуфт манбаъ.
Ҳамчунин аз болоравии нархҳо дар моҳи шарифи Рамазон раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев низ изҳори нигаронӣ намуда, тоҷиронро ба адлу инсоф даъват кард.
Бино ба нарҳои муайянкардаи мақомоти шаҳрдории пойтахт, айни замон қимати гӯшти гов – 29 сомонӣ, гӯсфанд – 30 сомонӣ, орди навъи олӣ – то 110 сомонӣ, 1 литh равғани рустанӣ – то 8 сомонӣ, 1 кило биринҷи ватанӣ – то 7 сомонӣ ва 1 кило шакар – то 5 сомонӣ муқаррар шудааст.
Соли равон Шӯрои уламои ҷумҳурӣ низ аз тамоми фурӯшандагон даъват кард, ки мувофиқи имконот ба поин бурдани нархи маҳсулоти ғизоӣ дар моҳи шарифи Рамазон кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Манбаъ: islamnews.tj
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Сокини Твер дар бақайдгузории қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус” айбдор дониста шуд
Аз посух ба матлаби “CNN”, ки Синоро “ӯзбек” муаррифӣ кард то пешниҳоди “Тоқӣ” ба феҳристи UNESCO ва ҷарроҳии Нозим Меликов
Дар интихоботи президентӣ дар Беларус Александр Лукашенко пешсаф аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста