Душанбе. 24-уми июл. «Азия-Плюс» — Дар Тоҷикистон то ҳол дастрасӣ ба сомонаи яке аз хабаргузориҳои маъруфи «Азия-Плюс» - www.news.tj ғайриимкон аст.
Шоми дирӯз дастрасӣ ба сомона қатъ гардид. Аз ширкатҳои фароҳамгарони Интернет ба идораи хабаргузорӣ дар бораи қатъи дастрасӣ огоҳинома расид. Аз Хадамоти алоқаи назди ҳукумати Тоҷикистон идора чунин огоҳинома нагирифтааст.
Бино маълумоти ширкатҳои фароҳамсози Интернети Тоҷикистон, «онҳо тавассути смс-иттилоот аз роҳбари Хадамоти алоқа Бег Зуҳуров дар ин хусус супориши дахлдор гирифта, супориши расмии хаттӣ вуҷуд надорад».
Бо вуҷуди ин, ҳамаи онҳо супориши роҳбари Хадамоти алоқаро ба иҷро расониданд.
Кӯшишҳои идораи хабаргузорӣ дар бораи гирифтани шарҳи ин амал бебарор анҷом ёфтанд. Намояндагони Хадамоти алоқа аз пешниҳоди маълумот умуман худдорӣ варзида, мегӯянд, ба он танҳо роҳбари хадамот Бег Зуҳуров салоҳият дорад. Айни замон идораи хабаргузорӣ шахсан бо Зуҳуров дар тамос шуда натавонист.
Дар ҳамин ҳол, тибқи яке аз фарзияҳо, сабаби қатъи дастрасӣ ба сомона ба рӯйдодҳои ахир дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон нисбат дода мешавад. Таври маълум, субҳи имрӯз дар шаҳри Хоруғ ва канори он амалиёти махсуси сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ ҷиҳати нобуд сохтани дастаи мусаллаҳи ғайриқонунии Айёмбеков Толиб оғоз гардид. Робитаи телефонӣ бо Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қатъ гардида, ҳаракати нақлиёт тавассути роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ манъ шудааст.
Ин бори аввал нест, ки дастрасӣ ба сомонаи хабаргузории «Азия-Плюс» қатъ карда мешавад. Як моҳ қабл низ бинобар нашри шарҳи корбари сомона дар поварақи мавод дастрасӣ ба сомона қатъ гардида буд. Он замон низ идораи хабаргузорӣ аз Хадамоти алоқа пешакӣ огоҳинома нагирифта буд.
Чанде қабл раиси Хадамоти алоқа изҳор карда буд, ки барои таъсиси як комиссияи назорати маводи Интернет, ки ба андешаи ӯ, «ба унвони шахсони маъруфу соҳибэҳтироми кишвар хусусияту тавҳину таҳқиромез дошта, нуфузу эътибори Тоҷикистонро паст мезананд», ташаббус зоҳир сохтааст.
Ба эътиқоди ҷаноби Бег Зуҳуров, ба ҳайати комиссия афроди ихтиёрие шомил гардиданд, ки «худогоҳу бошуур буда, ба шукуфоии кишвари худ манфиатдоранд».
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Сокини Твер дар бақайдгузории қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус” айбдор дониста шуд
Аз посух ба матлаби “CNN”, ки Синоро “ӯзбек” муаррифӣ кард то пешниҳоди “Тоқӣ” ба феҳристи UNESCO ва ҷарроҳии Нозим Меликов
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста