Бинобар сабаби ҷустуҷӯйи шахси дар дарёи Варзоб ғарқшуда таъмини оби нӯшокӣ дар Душанбе қатъ карда шуд. Дар бораи ному насаби шахси ғарқшуда иттилоъ дода намешавад. Чораи мазкур бо дархости намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ҷумҳурӣ андешида шудааст.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» котиби матбуотии раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов хабар дод, чанде қабл раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев дар бораи муваққатан қатъ кардани интиқоли об дар канали дериватсионии Варзоб дар минтақаи нерӯгоҳи барқии Варзоб қарор ба имзо расонидааст.

Ба гуфтаи Саидов, замони баргузор намудани амалиёти ҷустуҷӯйӣ интиқоли об дар канали дерватсионии Варзоб то соати 20:00 қатъ мегардад. Интиқоли об ба ноҳияи Исмоили Сомонӣ пурра ва ноҳияҳои Шоҳмансуру Сино ва Фирдавсӣ қисман қатъ карда мешавад.