Иттифоқи журналистони Тоҷикистон (ИЖТ), Анҷумани миллии воситаҳои ахбори оммаи мустақили Тоҷикистон (АМВАОМТ), Медиа-Алянси Тоҷикистон, Шўрои ВАО-и Тоҷикистон, Созмони ҷамъиятии «Индем» ва ТҶ «Ориёнмедиа» аз ҳамаи васоити ахбори омма ва рӯзноманигорони кишвар даъват намуданд, ки дар инъикос ва арзёбӣ намудани масоили марбут ба амалиёти низомии сохторҳои қудратӣ дар маркази вилояти Кўҳистони Бадахшон - шаҳри Хоруғ ниҳоят эҳтиёткор ва нозукбин буда, аз такя ба ҳар гуна овозаву хабарҳои беасос ва низоъангез дар ин маврид канорагирӣ кунанд.
«Дар баъзе сомона ва блогҳои интернетӣ ба ҳаводиси ахири Бадахшон тобиши сиёсиву динӣ дода шуда, дар ин миён баҳсҳои мазҳабиву маҳалгароӣ сар мезананд. Тоҷикистон Ватани ҳар яки мост ва Бадахшон ҷузъи ҷудонопазири ин Ватан аст. Аз ин рў истифодаи забони хусумат ва низоъангез дар ин мавриди мусибатбор ҳаргиз ҷоиз набуда, он метавонад боиси ташаннуҷи ҷамъиятӣ гардад», - таъкид мегардад дар изҳороти қабулнамудаи онҳо.
Ҳамзамон созмонҳои журналистии мамлакат аз масдуд шудани сомонаи интернетии «Азия-Плюс» изҳори нигаронӣ намуда, ин амали носавоб ва кўтоҳандешонаро аз ҷониби Хадамоти алоқа нақзи ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандони кишвар дар дастрасӣ ба иттилоот маҳсуб медонанд ва умедворанд, ки қазияи мазкур ҳарчи зудтар ҳалли қонунии худро меёбад.
Дар идомаи изҳорот аз мақомоти КДАМ, ВКД ва Прокуратураи генералӣ тақозо мегардад, ки бо роҳи ташкили як маркази матбуоти муштарак ба воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ аз ҷараёни амалиёти низомӣ дар Кўҳистони Бадахшон мунтазам иттилооти расмӣ пешниход намоянд.
Чӣ гуна Русия дари мактабҳоро ба рӯйи кӯдакони муҳоҷир баст?
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Сокини Твер дар бақайдгузории қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус” айбдор дониста шуд
Аз посух ба матлаби “CNN”, ки Синоро “ӯзбек” муаррифӣ кард то пешниҳоди “Тоқӣ” ба феҳристи UNESCO ва ҷарроҳии Нозим Меликов
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста