Лоиҳаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) «Тандурустии босифат» ба кормандони тиббии сартосари ҷумҳурӣ, ки барномаи яксолаи такмили ихтисос оид ба тиббӣ оилавиро дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тибби Тоҷикистон хатм карданд, дипломҳо супурд.
Тавре аз сафорати ИМА дар Тоҷикистон хабар доданд, намояндагони Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID), Лоиҳаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмиллалӣ (USAID) «Тандурустии босифат», Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббии Тоҷикистон, Раёсати илм ва таҳсилоти тиббии Вазорати тандурустии ҶТ ва дигар шарикони байналмилалӣ дар ин маросим ширкат варзиданд.
Ба иттилои манбаъ, барномаи такмили ихтисоси табибони оилавӣ дар ҳамбастагӣ бо USAID ба ҳисоби умумӣ ихтисоси 165 корманди тибро такмил дод, 12 нафари онҳо дар барномаи озмоишии таҷрибаомӯзӣ дар чорчӯбаи Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат», иштирок намуданд. Коромӯзони мазкур дар Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббии Тоҷикистон таълими густурда, ки яке аз беҳтарин Марказҳои омӯзиши клиникӣ дар Осиёи Миёна ба ҳисоб меравад, гирифтанд. Аз ҳисоби тамоми хатмкунандагони таҳсили имсола коромӯзони мазкур сазовори баҳои баландтарин дар имтиҳоноти хатмӣ шуданд ва хоҳиши идомаи маълумоти тиббии худро дар доираи барномаи дусолаи такмили ихтисос изҳор намуданд.
Корманди тиб Саломиддин Исупов, сардори Раёсати илм ва таҳсилоти тиббии Вазорати тандурустии ҶТ иброз намуд, ки “Дар Тоҷикистон, бори аввал ин теъдоди коромӯзон дар барномаи такмили ихтисос ширкат меварзанд, ки ин шабоҳати мусбӣ аз вусъатёбии тибби оилавӣ дар Тоҷикистон аст. Кормандони ҷавон метавонанд соҳаи тиб ва тиби оилавиро тақвият диҳанд. Ҳавасмандии онҳо аз он гувоҳӣ медиҳад, ки тибби оилавӣ ҷузъи асосии кӯмаки аввалияи тиббӣ дар мамалакати мо мебошад”.
Вазорати тандурустӣ ба барномаи муштараки Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» ва Донишкадаи такмили ихтисоси баъдидипломии кормандони тиббии Тоҷикистон баҳои баланд дода, барои вусъатдиҳии он дар қаламрави Ҷумҳурӣ тавсия дод. Вазорати тандурустӣ умедвор аст, ки қолаби таҷрибавӣ на танҳо муассисаҳои тибби оилавиро таквият медиҳад, балки хатмкунундагони мактабҳои тиббиро барои интихоб намудани тибби оилавӣ, ҳамчун ихтисос, ҳавасманд мегардонад ва бо ҳамин масъалаи камоии табибон дар марҳилаи кӯмаки аввалияи тиббиро ҳал менамояд, ки ҳоло синну соли кормандони ин соҳа ба ҳисоби миёна аз 50-сола болоро ташкил медиҳад.
Лоиҳаи USAID «Тандурустии босифат» яке аз лоиҳаҳои сершумори кӯмакрасонии Ҳукумати ИМА мебошад. Аз соли 1992 Сафорати ИМА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 984 миллион доларро барои кӯмак ба рушди иқтисодиёт, ниҳодҳои демократӣ, соҳаҳои тандурустӣ ва маорифӣ Тоҷикистон масраф кардааст.
Ба Омбудсмени Тоҷикистон иҷозат надодаанд, ки бо гумонбарони ҳодисаи "Крокус" вохӯрад
Номзади нав ба мансаби раиси Додгоҳи олии иқтисодӣ. Ӯ кист?
Афзоиши содироти молу маҳсулот аз вилояти Суғди Тоҷикистон ба Қирғизистон
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Канизи зебо ва подшоҳи тарсу”
“Пайвандонашон ба мо муроҷиат накарданд”. Вокуниши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба боздошти чеҳраҳои шинохтаи сиёсат
Боздошти зани серфарзанди тоҷик дар Русия баъди тақдими хона ба ӯ
Ҷаъфар Осимов, бунёдгузори дастаи "ДайДушки" зери тарма монда, ҳалок шуд
Сокини Твер дар бақайдгузории қалбакии иштирокчиёни парвандаи “Крокус” айбдор дониста шуд
Аз посух ба матлаби “CNN”, ки Синоро “ӯзбек” муаррифӣ кард то пешниҳоди “Тоқӣ” ба феҳристи UNESCO ва ҷарроҳии Нозим Меликов
Дар интихоботи президентӣ дар Беларус Александр Лукашенко пешсаф аст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста