570 нафар зодагони Бадахшон, ки берун аз вилоят ва дар хориҷи кишвар иқомат доранд, бо дархости барқарор кардани алоқа бо минтақа ба сардори Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Бег Зуҳуров муроҷиат карданд.

Таври маълум, муддати ду рӯз аст, ки дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалиёти махсуси сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ идома дорад.

Дар муроҷиат ба сардори Хадамоти алоқа гуфта мешавад, айни замон зодагони Бадахшон, ки берун аз вилоят ва дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ мекунанд, аз вазъи мавҷуда дар шаҳри Хоруғ сахт нигаронанд.

«Муддати 34 соат аст, ки мо наметавонем бо аҳли оилаву наздиконамон тамос бигирем. Мо ҳама дар ташвиш буда, муддати ду рӯз аз вазъ огаҳӣ пайдо карда наметавонем. Сарвари давлат оташбаси пурра дар Хоруғро эълон кард, вале алоқа бо Хоруғ ҳанӯз барқарор нашудааст. Манбаъҳои ғайрирасмӣ дар бораи талафот миёни аҳолии осоишта хабарҳои ташвишовар интишор мекунанд», - зикр гардидааст дар муроҷиатнома.

Зодагони Бадахшон баҳри пешгирии хараҷу мараҷи аз ин бештар ва иғвобарангезиҳо аз роҳбари Хадамоти алоқа дархост кардаанд, ки ҳарчи зудтар ба барқарор кардани алоқа бо шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои дигари ВМКБ мусоидат намояд.

Тибқи маълумоти онҳо, соати 4-и субҳи рӯзи 24-уми июл бо оғози амалиёти низомӣ дар Хоруғ алоқа бо  маркази маъмурии ВМКБ ва як қатор ноҳияҳори минтақа қатъ гардида буд.