Ду зоири пиёдаи тоҷик ба иллати надоштани раводиди кишвари дахлдор дар марзи миёни Аморати Муттаҳидаи Араб ва Арабистони Саъудӣ боздошт шуданд.
Тавре ба islamnews.tj сардори департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев хабар дод, сафорати Арабистони Саъудӣ дар Тоҷикистон ба ин зоирин раводид надодааст ва яке аз шартҳои кишвар он аст, ки зойирин бояд бо гурӯҳҳо тавассути ҳавопаймоҳо ба ҳаҷ оянд.
«Мо огаҳем, ки як гурӯҳ зойирин пиёда сафари ҳаҷро ихтиёр намуда, чанде аз онҳо аз ними роҳ баргаштанд ва баъзе бо ҳавопаймо ба Арабистони Саъудӣ расиданд. Танҳо ду нафари онҳо то Аморати Муттаҳидаи Араб расида, дигар кишварҳоеро, ки убур кардаанд, расводид доштаанд, вале гумон кардаанд, ки раводиди Арабистони Саъудиро дар худи ҳамин кишвар медиҳанд, вале мутаассифона, мушкилоти раводиди онҳо то ҳол ҳал нашудааст», - гуфт ӯ.
Номбурда таъкид кард, ки Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ ин қазияро пайгирӣ дошта, дар ҳалли мушкилоти шаҳрвандони Тоҷикистон кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
Акс аз радиои «Озодӣ»
Кори расмӣ дар Корея. Созишномаи ниҳоӣ имзо шуд ва сафарбарӣ аз соли 2025 оғоз мегардад
“Хӯроку либос”. Сокинон чӣ гуна сарфаҷӯӣ мекунанд?
Марги хонандаи синфи 2 ҳангоми бозгашт аз мактаб дар Панҷакент
Танбашавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе. Мақомот гуфт, амалиёт мегузаронад
“Бозии “Counter Strike” ва “GTA” барои ноболиғон манъ аст”. Ҳушдори милитсия ба волидону соҳибмулкон ва омӯзгорон
Имзои созишнома байни Тоҷикистон ва Русия барои ташкили долони гумрукии соддакардашуда
Ҳабси 3 милиса дар Хуҷанд бо гумони шиканҷаи як боздоштшуда. Як тани дигар фирор кардааст
Милитсияи Суғд ҷузъиёти куштори Амрулло Боймирзоевро дар Конибодом ошкор кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Насухтани дастмол дар оташ”
Марги Сабина Хуррамдил, рассоми 33-солаи тоҷик дар Амрико. Пулис номи гумонбарро эълон кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста