Дар донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони бахши маориф ба муносибати 80-солагии ҳафтавори соҳавии «Омӯзгор» маҷлиси пуршукӯҳ доир гардид.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардабири ҳафтавори «Омӯзгор» Ноилшо Нуралиев иттилоъ дод, дар ҷаласаи мазкур вазири маорифи кишвар Нуриддин Саидов аҳли кормандон ва собиқадорони ҳафтаворро табрик гуфта, супориш дод, ки теъдоди нашри ҳафтавор аз 25 то ба 50 ҳазор нусха расонида шавад.

Ба қавли вай, дар ин чорабинӣ шаш нафар кормандони ҳафтавор бо унвони Аълочии соҳаи маориф ва фарҳанги Тоҷикистон сарфароз гардонида шуда, омӯзгороне, ки дар фаъолияти ҳафтавор саҳми беандоза доранд, бо ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд.

Омӯзгори факултаи журналистика, журналист Қироншоҳи Шарифзода зикр кард, ки имрӯз ҳафтавори «Омӯзгор» яке аз нашрияҳои писандидаи соҳавӣ ба шумор рафта, обуна ба ин нашрия бояд барои ҳар як омӯзгор муҳим бошад, вале обуна набояд ба таври ихтиёриву маҷбурӣ сурат гирад.

Қобили зикр аст, ки шумораи нахусти ҳафтавори «Омӯзгор» санаи 20-уми июли соли 1932 ба табъ расида, тӯли 80 соли фаъолият он якчанд маротиба тағйири ном кард. Ба андешаи аҳли қалами ҳафтавор, давраи солҳои 1959-1983 марҳилаи шукуфоии нашрия маҳсуб меёбад, зеро маҳз дар ҳамин давра сардабири ҳафтавор, журналисткаи маъруф Бӯринисо Бердиева рӯзноманигорони шинохтаи кишварро гирдиҳам оварда, мушкилоти рӯзмарраи ҳаётро воқеъбинона инъикос ва баҳри худогоҳии тоҷикон талош меварзид.