Чанде қабл дар суҳбати телефонӣ бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Қодири Қосим иброз дошт, ки феълан вазъ дар вилоят ором буда, мардум ба кору бори ҳамарӯзаи рӯзгор машғуланд ва ба амнияти вилоят чизе таҳдид намекунад.

Ба қавли ӯ, роҳбарони сохторҳои қудратӣ аз фаъолияти нуҳмоҳаи воҳидҳои зертобеи худ натиҷагирӣ намуданд.

«Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода дар мақомоти прокуратураи вилоят машварат доир намуда, ба Душанбе раҳсипор шуд. Вазири мудофиа Шералӣ Хайруллоев аз воҳидҳои тобеи вазорат боздид намуда, бо вазъ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон шинос шуд ва ба пойтахт баргашт», - гуфт раиси вилоят.

Қодири Қосим зикр кард, ки вазири корҳои дохилии кишвар Рамазон Раҳимов  низ дар Хоруғ қарор дошта, бо кормандони макомоти корҳои дохилии вилоят вохӯриҳо доир мекунад.