Коргардони шинохтаи тоҷик Барзу Абдураззоқовро хатари маҳрумият аз биноӣ таҳдид мекунад. Дар суҳбат бо ОИ «Азия-Плюс» номбурда гуфт, бар асари садамаи нақлиёти рӯзи 10-уми октябр зарбу лат хӯрдаву чашмонаш низ осеб дидаанд.
«Ҳангоми сабз будани чароғаки светофор ман аз роҳгузари назди бинои телевизони «Сафина» мегузаштам, ки ин дам ба ман автомашинаи «ба тӯй саросема» бархӯрд. Ман ба оинаи пеши автомашина бархӯрда, якчанд метр ба қафо партофта шудам. Моликони мошин маро ба беморхона бурданд», - гуфт вай.
Ба қавли коргардон, муддати чанд рӯзи пас аз садама нури чашмони ӯ бо суръати хеле зиёд паст шуда, санҷиш нишон додааст, ки биноии чашми рости ӯ ҳамагӣ 6%-ро ташкил медиҳад ва агар фавран муолиҷа оғоз нагардад, метавонад аз чашми чапаш ҳам маҳрум гардад.
Барзу Абдураззоқов мегӯяд, ба ронанда ҳеҷ даъвое надорад. «Ӯ ба тӯйи бародараш маҳсулот мебурд ва шитоб дошт. Онҳо маро партофта нарафтанд, вале баъдтар ҳангоме ҳамсарам баъзе чизҳоро мушаххас карданӣ шуд, ба зангҳи телефонӣ посух надоданд», - афзуд номбурда.
Кори расмӣ дар Корея. Созишномаи ниҳоӣ имзо шуд ва сафарбарӣ аз соли 2025 оғоз мегардад
“Хӯроку либос”. Сокинон чӣ гуна сарфаҷӯӣ мекунанд?
Марги хонандаи синфи 2 ҳангоми бозгашт аз мактаб дар Панҷакент
Танбашавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе. Мақомот гуфт, амалиёт мегузаронад
“Бозии “Counter Strike” ва “GTA” барои ноболиғон манъ аст”. Ҳушдори милитсия ба волидону соҳибмулкон ва омӯзгорон
Имзои созишнома байни Тоҷикистон ва Русия барои ташкили долони гумрукии соддакардашуда
Ҳабси 3 милиса дар Хуҷанд бо гумони шиканҷаи як боздоштшуда. Як тани дигар фирор кардааст
Милитсияи Суғд ҷузъиёти куштори Амрулло Боймирзоевро дар Конибодом ошкор кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Насухтани дастмол дар оташ”
Марги Сабина Хуррамдил, рассоми 33-солаи тоҷик дар Амрико. Пулис номи гумонбарро эълон кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста