Вазорати маорифи ҷумҳурӣ ба мақомоти раҳбарии макотиби олӣ супориш додааст, ки аз ширкати донишҷӯён дар чорабиниҳои маърифатии созмонҳои байнулмилалӣ пешгирӣ карда шавад.
Дар супориш таҳти №05/2-414 аз 8-уми октябри соли равон, ки ба идораи ОИ «Азия-Плюс» дастрас гардид, вазорат мақомоти раҳбарии макотиби олиро огаҳ месозад, ки баргузории конфронсу семинар ва дигар чорабиниҳо бо иштироки донишҷӯён аз ҷониби созмонҳои байнулмилалӣ ба қонунгузории ҶТ мухолиф аст.
«Аз ин рӯ, ба шумо супориш дода мешавад, ки ин масъаларо таҳти назорат қарор дода, бобати пешгирии иштироки донишҷӯён дар чорабиниҳои зикршуда чораҳои мушаххас андешед», - зикр мегардад дар супориш, ки аз ҷониби муовини аввали вазири маорифи ҶТ Фарҳод Раҳимов ба имзо расидааст.
Сардори шуъбаи умумии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Назирбӣ Ғаниева тасдиқ кард, ки ин супоришро онҳо гирифта ва дар ин маврид аллакай чораҳо андешида мешаванд.
Декани факултаи ҳуқуқшиносии яке аз мактабҳои олии вилояти Суғд Ш.Кенҷаев ба роҳбарони гурӯҳҳо супориш додааст, ки ин супориши Вазорати маориф баррасӣ шуда, барои пешгирии иштироки донишҷӯён дар ин гуна чорабиниҳо тадбирҳо андешида шаванд.
Дар робита ба масъалаи дахл доштани ин супориш ба ҳаракатҳои ихтиёриён ё иштироки ҷавонон дар лагерҳои тобистона ОИ «Азия-Плюс» кӯшиш ба харҷ дод, ки аз Вазорати маориф шарҳу тавзеҳ дастрас намояд, вале маълум шуд, ки вазир ва муовинони ӯ дар сафари хидматӣ қарор доштаанд.
Яке аз намояндагони Ташкилоти ғайридавлатии маҳаллӣ, ки нахост номаш ифшо гардад, изҳор кард, ки ин иқдом комилан мухолифи қонунгузорӣ буда, ба фаъолияти бахши шаҳрвандӣ дар соҳаи маориф таъсири манфӣ хоҳад расонид, зеро тамоми чорабиниҳои маърифатиро созмонҳои ҷамъиятӣ бо маблағгузориву дастгирии техникӣ ва бо иштироки коршиносони байнулмилалӣ баргузор мекунанд.
Кори расмӣ дар Корея. Созишномаи ниҳоӣ имзо шуд ва сафарбарӣ аз соли 2025 оғоз мегардад
“Хӯроку либос”. Сокинон чӣ гуна сарфаҷӯӣ мекунанд?
Марги хонандаи синфи 2 ҳангоми бозгашт аз мактаб дар Панҷакент
Танбашавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе. Мақомот гуфт, амалиёт мегузаронад
“Бозии “Counter Strike” ва “GTA” барои ноболиғон манъ аст”. Ҳушдори милитсия ба волидону соҳибмулкон ва омӯзгорон
Имзои созишнома байни Тоҷикистон ва Русия барои ташкили долони гумрукии соддакардашуда
Ҳабси 3 милиса дар Хуҷанд бо гумони шиканҷаи як боздоштшуда. Як тани дигар фирор кардааст
Милитсияи Суғд ҷузъиёти куштори Амрулло Боймирзоевро дар Конибодом ошкор кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Насухтани дастмол дар оташ”
Марги Сабина Хуррамдил, рассоми 33-солаи тоҷик дар Амрико. Пулис номи гумонбарро эълон кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста