Намояндагии «Бритиш Бродкастинг Корпорейшн ВВС» барномаеро дар бораи вазъи нашъамандӣ дар Тоҷикистон омода ба пахш намуд.

Бино ба маълумоти Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти Тоҷикистон, хабарнигорони ширкати ёдшуда дар ҷараёни сафар ба Тоҷикистон бо кори Агентии мазкур шинос шуда, бо хоҳиши намояндаи ин ширкат директори Агентӣ, генерал-лейтенанти милитсия Рустам Назаров бо хабарнигорони «Бритиш Бродкастинг Корпорейшн» ҳамсӯҳбат шуд.

«Рустам Назаров дар бораи вазъи вобаста ба маводи мухаддир дар Тоҷикистон, Афғонистон, ҳамчунин минтақаи Осиёи Марказӣ, нақши кишвари мо дар системаи ҷаҳонии мубориза бо маводи мухаддир ва дурнамои инкишофи ҳодисаҳо дар минтақа баъди хуруҷи нерӯҳои эътилофи зиддитеррористӣ аз ҶИА дар соли 2014 маълумот дод», - гуфтанд дар Агентӣ.

Ба иттилои манбаъ, сарвари Агентӣ зикр намудааст, ки Тоҷикистон дар минтақа кишвари муҳим дар ташкили мубориза бо мухаддироти тавлиди Афғонистон буд ва боқӣ хоҳад монд. «Дар масъалаи ҳамкориҳои хадамоти махсуси кишвар сухан ронда, Директори Агентӣ қайд кард, ки ин ҳамкориҳо аз сол ба соли дигар таҳким ва рушд меёбанд», - гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар поёни сӯҳбат хабарнигорон бо кори Лабораторияи ташхиси судӣ, Шӯъбаи таҳлилӣ-маълумотӣ шинос шуданд ва аз анбори нигаҳдории маводи мухаддир боздид карданд.