Вазъи солимии журналисти бахши форсии хабаргузории Би-Би-Сӣ Искандари Фирӯз, ки аз садамаи нақлиёт осеб дида буд, ба таври назаррас рӯ ба беҳбудӣ овард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» табиби журналист хабар дод, дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ аз Искандари Фирӯз ҷудо гардида, ӯ ба нафаскашии мустақилона оғоз кардааст.
Ба қавли табиб, имрӯз журналист аз муоинаи томографияи компютерӣ гузашта, дар машварати табибон масъалаи интиқоли ӯ ба шӯъбаи дигар ҳаллу фасл мегардад.
«Ояндаи наздик мо журналистро аз шуъбаи эҳёгарӣ ба шуъбаи дигар гузаронида, ӯро табобати минбаъдаи барқароркунии солимиаш интизор аст», - гуфт ӯ.
Дар робита ба ҷараёни тафтишоти садамаи нақлиёти мазкур Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ иттилоъ медиҳад, ки дар рафти санҷиш муайян карда шуд, ки санаи 9 октябри соли 2012, тахминан соати 20:10 дақиқа автомашинаи тамғаи «Тайота-Ленд-Крузер» рақами давлатиаш 31-16 АК 01 РТ таҳти идораи ронанда Шарипов Насрулло Раҳмонович соли таваллудаш 1979, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати Зайнабобод, ба самти хиёбони Рӯдакӣ ҳаракат намуда истода, дар рӯ ба рӯи «Боғи ҳайвонот» бандҳои 9.2 ва 10.2-и «Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ»-ро дағалона вайрон намуда, суръати ҳаракатро баланд менамояд.
Ҳамчунин номбурда дар ҳолати мавҷуд будани хатҳои уфуқии дутарафа, ки барои ҷудо намудани ҳаракати воситаҳои нақлиётӣ ба самтҳои муқобил пешбинӣ шудааст, ба тарафи чап гашта, ба самти муқобили ҳаракат мебарояд. Дар натиҷа ба автомашинаи тамғаи «Тайота-Камрӣ», рақами қайди давлатиаш 73-48 АР 01 РТ таҳти идораи ронанда Фирузи Ҷавоншер бархӯрд, ки бар асари он журналист Искандари Фируз ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошт.
Дар иттилои ВКД гуфта мешавад, ҳолатҳои дар изҳороти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон нишон додашуда, оиди он, ки гӯё ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ленд-Крузер» рақами қайди давлатиаш 31-16 АК 01 РТ Шарипов Насрулло, ки гунаҳгори садама мебошад, аз ҷойи ҳодиса ғайб зада, ташхиси садамаи нақлиётӣ сохтакорӣ карда шудааст, тасдиқ нагардид. Баъди содир шудани садамаи нақлиётӣ ронандаи автомашинаи тамғаи «Тайота-Ленд-Крузер» дар ҷойи ҳодиса қарор дошт.
Оиди ҳодисаи рӯйдода нисбати Шарипов Н.Р. бо моддаи 212 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Зимнан зикр гардидааст, ки Шарипов Н.Р. зимни содир намудани садама бо худ ягон ҳуҷҷати муайянкунандаи шахсият надошт ва бо мақсади ба гумроҳӣ бурдани тафтишот худро Аёмиддини Раҳмиддинзода, ки нақлиёти мазкур ба ӯ таълуқ дошт, муаррифӣ намуда, ваколатномаи бо номи ӯ бударо пешниҳод менамояд. Айни замон шахсияти Шарипов Насрулло муайян карда шуда, тафтишотӣ пешакӣ нисбати ӯ идома дорад.
Чин чӣ гуна сармоягузори асосии Тоҷикистон шуд?
Кори расмӣ дар Корея. Созишномаи ниҳоӣ имзо шуд ва сафарбарӣ аз соли 2025 оғоз мегардад
“Хӯроку либос”. Сокинон чӣ гуна сарфаҷӯӣ мекунанд?
Марги хонандаи синфи 2 ҳангоми бозгашт аз мактаб дар Панҷакент
Танбашавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе. Мақомот гуфт, амалиёт мегузаронад
“Бозии “Counter Strike” ва “GTA” барои ноболиғон манъ аст”. Ҳушдори милитсия ба волидону соҳибмулкон ва омӯзгорон
Имзои созишнома байни Тоҷикистон ва Русия барои ташкили долони гумрукии соддакардашуда
Ҳабси 3 милиса дар Хуҷанд бо гумони шиканҷаи як боздоштшуда. Як тани дигар фирор кардааст
Милитсияи Суғд ҷузъиёти куштори Амрулло Боймирзоевро дар Конибодом ошкор кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Насухтани дастмол дар оташ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста