Маркази нозироти санитарӣ-эпидемиологии минтақаи Кӯлоб фаъолияти корхонаи истеҳсоли намаки чанде қабл дар ноҳияи Ҳамадонӣ ифтитоҳшудаи Иттифоқи касабаи Тоҷикистонро муваққатан манъ намуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардухтури санитарии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон Саидасвар Алимов хабар дод, коргоҳи мазкур бо қонушиканиҳои дағалона фаъолият дошта, дастгоҳи йодкунии намак ба талабот ҷавобгӯ нест ва дар коргоҳ шароитҳои оддии санитарӣ мавҷуд нестанд.
«Умуман коргоҳ бидуни иҷозати хадамоти санитарии ноҳияи ба фаъолият шурӯъ намуда, 900 кило намаки ғизоӣ то бартараф кардани камбудиҳо аз фурӯш ба анборҳо баргардонида шуд», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, имрӯзҳо дар се корхонаи истеҳсоли намаки ноҳияи Восеъ 3 тонна намки ғизоӣ барои йодкунии зарурӣ баргардонида шудааст.
Ба қавли номбурда, дар Кӯлоб кормандони хадамот 1,7 тонна намаки техникиеро мусодира намуданд, ки ҳамчун намки ғизоӣ ба фурӯш бароварда шуда буданд. «Ин миқдор намак аз муомилот мусодира ва тибқи санад баҳри истифода ба комбинати муассисаҳои коммуналии шаҳр дода шуд», - афзуд номбурда.
Чин чӣ гуна сармоягузори асосии Тоҷикистон шуд?
Кори расмӣ дар Корея. Созишномаи ниҳоӣ имзо шуд ва сафарбарӣ аз соли 2025 оғоз мегардад
“Хӯроку либос”. Сокинон чӣ гуна сарфаҷӯӣ мекунанд?
Марги хонандаи синфи 2 ҳангоми бозгашт аз мактаб дар Панҷакент
Танбашавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе. Мақомот гуфт, амалиёт мегузаронад
“Бозии “Counter Strike” ва “GTA” барои ноболиғон манъ аст”. Ҳушдори милитсия ба волидону соҳибмулкон ва омӯзгорон
Имзои созишнома байни Тоҷикистон ва Русия барои ташкили долони гумрукии соддакардашуда
Ҳабси 3 милиса дар Хуҷанд бо гумони шиканҷаи як боздоштшуда. Як тани дигар фирор кардааст
Милитсияи Суғд ҷузъиёти куштори Амрулло Боймирзоевро дар Конибодом ошкор кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Насухтани дастмол дар оташ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста