Имрӯз дар Тоҷикистон ҳафтаи таҳсили байналмилалӣ оғоз гардид, ки муддати се рӯз идома меёбад.

Ҳафта бо намоишгоҳи таҳсилотӣ дар Гӯшаи Амрико воқеъ дар ошёнаи 4-уми Китобхонаи миллӣ шурӯъ мешавад, ки дар он муассисаҳои таълимӣ аз қабили ACCELS, EducationUSA, IREX, Bactria Cultural Center, Tempus, DAAD, UCA ва Гӯшаи Амрико иштирок хоҳанд кард. Ҳар яке аз ин муассисаҳо ба ҳавасмандон оиди барномаҳои таълимии худ ва имконоти таҳсил маълумот пешниҳод намуда, ҳамчунин ба саволҳои онҳо ҷавоб хоҳад дод.

Намоишгоҳ бо суханони ифтитоҳии намояндагони Сафорати ИМА дар Тоҷикистон ва Вазорати маорифи кишвар шурӯъ хоҳад шуд. Ҳамчунин, рӯзҳои 14 – 16 ноябр дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон чорабиниҳо дар мавзӯҳои гуногуни таълимӣ ва имконоти таҳсил сурат хоҳанд гирифт.

Хафтаи таҳсили байналмилалӣ як имкониятест барои дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон таҷлил намудани самараи таҳсил ва табодули байналмилалӣ. Ин ташаббуси муштараки Департаменти давлатӣ ва Вазорати маорифи ИМА як ҷузъест аз кӯшишҳои Иёлоти Муттаҳида дар тарғиби барномаҳое, ки аз як тараф, барои омода сохтани халқи Амрико ба зиндагӣ дар муҳити ҷаҳонӣ равона гашта, аз тарафи дигар, пешвоёни кишварҳои дигарро ба омӯхтан ва истифода бурдани таҷрибаи пешқадами Иёлоти Муттаҳида ҷалб менамояд.

Барномаҳои табодулӣ дар эҷод кардани ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми якдигар, омода намудани пешвоён дар саросари дунё ва беҳтар намудани робитаҳои халқи Амрико бо халқҳои кишварҳои дигар нақши бениҳоят муҳимро мебозанд.