Дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба баррасии масоили мубрами хоҷагидории шаҳр бо иштироки роҳбарони комиссияҳои доимоамалкунандаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва сохторҳои марбутаи шаҳрию институтҳои шаҳрвандӣ- гурӯҳи кории фаъолони сомонаи иҷтимоии Фейсбук аз шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ баргузор гардид.
Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт иттилоъ доданд, дар ҷаласа қабл аз ҳама дар иртибот ба фаъолияти Комиссияи доимии марбутаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба номгузории кӯчаву хиёбонҳои шаҳр, ки муваззаф гардидааст то ҷашни 90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри Душанбе ба номи шахсиятҳои арзанда иваз намудани номҳои кӯчаву хиёбонҳои мавҷударо дар ҳамкорӣ бо комиссияи дахлдори шаҳрдорӣ тибқи тартиби ҷойдошта бояд ба субот расонад, гузориши раиси Комиссия Абдулҳамид Самадов шунида шуд.
«Бо хулоса аз гузориши манзуршуда Маҳмадсаид Убайдуллоев дастур дод, ки фаъолияти Комиссия тақвият дода шуда, моҳе як маротиба ҳисоботи Комиссия шунида шавад ва дар ин самт сокинони шаҳр дар радифи раисони ноҳияҳо нисбати тағйири номи кӯчаву хиёбонҳои ба иваз намудан воқеан ниёздошта таклифҳояшонро унвонии комиссия пешниҳод намоянд», - гуфт манбаъ.
Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласа ҳамчунин масоили марбут ба сохтмони манзили зист дар пойтахт, истифодаи ҳадафноки қитъаҳои замини ҷудошуда, фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ, таъминоти аҳолӣ бо об, барориши саривақтии партовҳои маишӣ, дар ҳолати хуби санитариву экологӣ нигоҳ доштани ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо, кӯчаву хиёбонҳо ва гулгашту боғҳои фарҳангу фароғатӣ низ баррасӣ шуданд.
Чин чӣ гуна сармоягузори асосии Тоҷикистон шуд?
Кори расмӣ дар Корея. Созишномаи ниҳоӣ имзо шуд ва сафарбарӣ аз соли 2025 оғоз мегардад
“Хӯроку либос”. Сокинон чӣ гуна сарфаҷӯӣ мекунанд?
Марги хонандаи синфи 2 ҳангоми бозгашт аз мактаб дар Панҷакент
Танбашавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе. Мақомот гуфт, амалиёт мегузаронад
“Бозии “Counter Strike” ва “GTA” барои ноболиғон манъ аст”. Ҳушдори милитсия ба волидону соҳибмулкон ва омӯзгорон
Имзои созишнома байни Тоҷикистон ва Русия барои ташкили долони гумрукии соддакардашуда
Ҳабси 3 милиса дар Хуҷанд бо гумони шиканҷаи як боздоштшуда. Як тани дигар фирор кардааст
Милитсияи Суғд ҷузъиёти куштори Амрулло Боймирзоевро дар Конибодом ошкор кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Насухтани дастмол дар оташ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста