Чанде қабл дар доираи Барномаи бахши маорифи Бунёди Оғо Хон дар деҳаи Хирчодеви ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ Маркази навбатии рушди барвақтии кӯдак ба фаъолият шурӯъ кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Бунёди Оғо Хон дар ҶТ хабар доданд, маркази мазкур дастрасӣ ба таълими томактабиро таъмин намуда, айни замон 44 нафар кӯдакон ба тарбияву омӯзиш фаро гирифта шуданд. «Ҳадаф аз амалисозии лоиҳаи мазкур таъмини имконоти дастрасии кӯдакон ба таълими томактабӣ дар манотиқи деҳот аст», - гуфт манбаъ.
Менеҷери Барномаи бахши маорифи Бунёди Оғо Хон Зулобӣ Мамадфозилов бар ин назар аст, ки дар шароити Тоҷикистон, ки камтар аз 10%-и кӯдакон ба таълим дар муассисаҳои томактабӣ дастрасӣ доранд, татбиқи чунин лоиҳа саривақтӣ ва зарур аст.
Ба қавли вай, амалисозии лоиҳаи «Рушди барвақтии кӯдак» соли 2009 оғоз гардида, то имрӯз бо маблағгузории Бунёди Оғо Хон ва дигар созмонҳои мададрасон 84 чунин марказ кушода шудаанд. «Ин марказҳо дастрасии беш аз 2,1 ҳазор нафар кӯдакон ба таълими томактабӣ дар ВМКБ ва ноҳияи Раштро таъмин намуда, ба туфайли фаъолияти ин лоиҳа, сатҳи фарогирии кӯдакон ба омӯзиши томактабӣ аз 9%-и соли 2009 то ба 33% дар соли равон расид», - гуфт номбурда.
Зимнан зикр гардид, ки ба ҷуз таъмиру азнавсозии биноҳо,, Бунёди Оғо Хон марказҳоро ҳамчунин бо мебел, маводи омӯзишӣ, китобҳо ва дигар асбобу лавозимоти таълимӣ таъмин намуда, барои ҳайати омӯзгорон баҳри такмили ихтисос машғулиятҳои гуногун доир месозад.
Чин чӣ гуна сармоягузори асосии Тоҷикистон шуд?
Кори расмӣ дар Корея. Созишномаи ниҳоӣ имзо шуд ва сафарбарӣ аз соли 2025 оғоз мегардад
“Хӯроку либос”. Сокинон чӣ гуна сарфаҷӯӣ мекунанд?
Марги хонандаи синфи 2 ҳангоми бозгашт аз мактаб дар Панҷакент
Танбашавии нақлиёт дар роҳҳои Душанбе. Мақомот гуфт, амалиёт мегузаронад
“Бозии “Counter Strike” ва “GTA” барои ноболиғон манъ аст”. Ҳушдори милитсия ба волидону соҳибмулкон ва омӯзгорон
Имзои созишнома байни Тоҷикистон ва Русия барои ташкили долони гумрукии соддакардашуда
Ҳабси 3 милиса дар Хуҷанд бо гумони шиканҷаи як боздоштшуда. Як тани дигар фирор кардааст
Милитсияи Суғд ҷузъиёти куштори Амрулло Боймирзоевро дар Конибодом ошкор кард
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Насухтани дастмол дар оташ”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста