Чанде қабл дар толори  Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» таҳти раёсати Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе  даъвати чорум  баргузор гардид.

Тавре аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар доданд, дар кори иҷлосия дар радифи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, роҳбарони сохторҳои марбутаи шаҳрию ноҳиявӣ, субъектҳои хизматрасонию соҳибкорӣ, Кумитаҳои шаҳрии ҳизбҳои сиёсӣ ва дигар институтҳои шаҳрвандию намояндагони васеи воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Ба иттилои манбаъ, дар иҷлосия масоили марбут ба амалисозии барномаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Душанбе дар солҳои 2011-2012, таъсиси комиссияҳои ваилон оид ба номгузории кӯчаву хиёбон ва майдонҳо ва ҳамчунин ҷараёни иҷрои Қонуни ҶТ «Дар бораи забони давлатӣ» баррасӣ шуданд.

Дар иҷлосия мутобиқи Қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе кӯчаи Интернатсионалнаяи ноҳияи И. Сомонӣ ба номи ходими намоёни давлатӣ, Раиси Маҷлиси Олии Xумҳурии Тоҷикистон Сафаралӣ Раҷабов, кӯчаи Баумани ноҳияи И. Сомонӣ ба номи Президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон Султон Умаров, кӯчаи Проектнаяи ноҳияи И. Сомонӣ ба номи  Президенти Академияи илмҳои РСС Тоҷикистон Муҳаммад Осимӣ, кӯчаи Железняки ноҳияи Сино ба номи Ҳофизи халқии РСС Тоҷикистон Ҳикмат Ризо, кӯчаи Ватутини  ноҳияи Фирдавсӣ ба номи Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Хайрулло Абдуллоев, кӯчаи Сеченови ноҳияи И. Сомонӣ ба номи Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Дамир Дӯстмуҳаммадов, кӯчаи Фурманови  ноҳияи Шоҳмансур ба номи  Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон Фаттоҳ Одинаев ва кӯчаи Шӯраксойи ноҳияи И. Сомонӣ ба номи  вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе Исомиддин Соатов номгузорӣ карда шуданд.