Шаш узви як хонаводаи тоҷикистонӣ, ки ахиран тавассути ҳавопаймои Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Русия аз Сурия ба Маскав оварда шуда буданд, ба Точикистон фиристода шуданд. 

Тавре намояндаи расмии сафорати Тоҷикистон дар Русия Муҳаммад Эгамзод хабар дод, волидайнн ва чор нафар фарзандони онҳо се соли охир дар Димишқ, маркази Сурия, иқомат дошта, аслан аз рустои Дегайи ноҳияи Нуробод мебошанд. 

«Яке аз сабабҳои то кунун тӯл кашидани парвози ин хонавода аз Москва ба Душанбе дар он буд, ки фарзанди кӯчаки онҳо гирифтори беморӣ шуд ва то аз тарафи табибони Москва ташхис ва табообати бемории тифлеи аз макони ҷангзада омада гусели ин хонавода имконнопазир буд. Табибон ягон бемории вазнинро дар вуҷуди ин тифли тоҷик ошкор накарданд ва гуфтанд, ки ин бинобар иваз шудани иқлим ба миён омадааст»,- гуфт намояндаи сафорат. 

Зимнан зикр гардид, ки тайи ин муддат мушовири сафорат Мирзодавлат Одинаев якҷо бо масъулини намояндагии Хадамоти муҳоҷират дар Маскав ба қазияи ин хонавода машғул буданд ва онҳоро аз фурудгоҳи Домадедово ба Ватан гуселонданд.