Аз 15 то 22-юми июни соли ҷорӣ дар доираи Озмоиши калони низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон дар 7 марказҳои имтиҳонӣ, ки аз тарафи Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» дар чор минтақаи ҷумҳурӣ (шаҳрҳои Душанбе, Қӯрғонтеппа, Хоруғ, Хуҷанд) таъсис дода шудааст, супоридани имтиҳонҳо оғоз мегардад.

Тавре аз хадамоти матбуотии Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» хабар доданд, барои супоридани имтиҳонҳо 7115 нафар иштирокчиёне иҷозат дода мешаванд, ки дар давраи бақайдгирӣ (аз 15 то 30 апрели соли 2013) барои иштирок дар озмоиши мазкур аз қайд гузаштаанд. Ҳар як иштирокчӣ тибқи нишондодҳои даъватномаи дастрасгардида бо назардошти рӯйхат, макон, замон ва вақти баргузории имтиҳонҳо метавонад ба марказҳои имтиҳонӣ ҳозир шавад. Ҳар як иштирокчӣ аз рӯи ду компонент (компоненти А: имтиҳонҳои тести умумӣ ва хаттӣ (эссе); компоненти Б: имтиҳони тести тахассусӣ) вобаста ба кластери интихобгардида имтиҳон месупорад.

Бо мақсади санҷиши тартиб, расмиёт ва ҷузъиёти низоми нави қабули довталабон Маркази миллии тестӣ дар давоми моҳҳои март-июни соли 2013 дар ҷумҳурӣ ОЗМОИШ-и низоми навро мегузаронад. Дар Озмоиши мазкур хонандагони синфҳои 10-и муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ иштирок менамоянд.

Низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ муҷаҳҳаз ба технологияи муосир буда, бо мақсади арзёбии дониш, интихоби одилонаю шаффоф ва таъмини баробарҳуқуқии довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ таҳия гардидааст. Ба Озмоиш 407 тахассус аз 29 муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ворид карда шудааст.