Чанде қабл намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди САҲА, СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Вена Исматулло Насрединов бо президенти Академияи илмҳои Австрия профессор Ҳелмут Денк вохӯрӣ анҷом дод. Дар мулоқот ноиби Президенти Академияи илмҳои Австрия профессор Арнолд Зуппан ва дигар олимони кишвар иштирок доштанд.

Бино ба иттилои Вазорати умури хориҷаи ҷумҳурӣ, зимни сӯҳбат И. Насрединов таъкид кард, ки дар баробари густариши ҳамкориҳои сиёсӣ-иқтисодии ҳарду кишвар, инчунин рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаҳои илм, фарҳанг ва маориф зарур мебошанд. Самтҳои ҳамкориҳои зикргардида зимни мулоқоти сарони давлатҳо дар ҳошияи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Федералии Австрия Ҳайнст Фишер, ки моҳи марти соли равон сурат гирифта буд, хотиррасон гардиданд.

Дар рафти мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба ташкили сафари ҳайати расмии Академияи илмҳои Австрия ба Тоҷикистон бо мақсади баргузории вохӯриҳо ва муайян намудани самтҳои ҳамкориҳои дуҷониба миёни Академияҳои илмҳои ҳар ду кишварро муҳокима карданд.

Ҳамчунин мусоҳибон ба масоили ба имзорасонии ёддошт миёни Академияҳои илмҳои Австрия ва Тоҷикистон, ки заминаи хубе барои густариши муносибатҳои минбаъда байни давраҳои илмӣ хизмат хоҳанд кард, таваҷҷӯҳ зоҳир намуданд.