Анонс

- Дар толори конфронси меҳмонхонаи «Истиқлол»-и пойтахт таҳти унвони «Рушди нақлиёти автомобилӣ ва иқтидори транзитии Осиёи Марказӣ барои то давраи соли 2023» Конфронси байналмилалии сатҳи баланд баргузор мешавад. Оғоз соати 08:30;

- Ташрифи раиси Раёсати ҶСК «Газпром» Алексей Миллер ба Душанбе;

- Сафири тозатаъини Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов ба Душанбе меояд;

- Комиссияи буҷетии назди ҳукумати ҶТ лоиҳаи Буҷети давлатӣ барои соли 2014-ро баррасӣ мекунад;

- Дар бинои Феддератсияи мустақили иттифоқҳои касбаи Тоҷикистон анҷумани Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон баргузор шуда, дар он номзади ин ҳизб ба мансаби президентӣ эълон мегардад. Оғоз соати 10:00;

- Бозиҳои ҷавобии чорякфиналии Ҷоми Тоҷикистон. «Равшан – «Парвоз» (Кӯлоб, Варзишгоҳи марказӣ; «Энергетик» – «Регар-ТадАЗ» (Душанбе, варзишгҳи «Авиатор») ва «Истиқлол» – «Истаравшан (майдони сунъии Варзишгоҳи марказӣ). Оғози бозиҳо соати 16:00;

- Аз 18 то 21-уми сентябр дар Душанбе барои табибони зинаи аввал, равоншиносон, коршиносони судиву тиббӣ ва адвокатҳо оид ба масоили ҳуҷҷатгузории дуруст ва пурсамари далелҳои шиканҷа аз ҷониби кормандони тиббӣ дар марҳилаи тафтиши ҷиноии боздоштшудагон ва маҳбусон тренинги омӯзишӣ барпо мешавад.

Қурби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.7680 сомонӣ;

1 евро - 6.1031 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.148 1 сомонӣ.

Як рӯзи таърих

1912-1996 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон, мусиқинавоз Мирзоқурбон Солиев.

1934 – Мавлуди журналист Чоршанбе Мамадсаидов.

1937 – Зодрӯзи доктори илмҳои физикаю математика, профессор Саид Аҳмадов.

 1950 – Мавлуди математик, профессор Абдурасул Сатторов.

1938 – Зодрӯзи доктори улуми иқтисодӣ Зиёратшо Акобиров.

1960 – Мавлуди шоир Равшан Ҳамроҳ.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +24+29.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +26+31, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +17+22.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +19+24.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +4+9, рӯзона +22+27;  дар шарқи вилоят шабона -4+1, рӯзона +9+14.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +28+30.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Кӯлоб — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +32+34.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +24+26.