Рӯзҳои 17-18-уми ноябри соли равон дар толори  Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи А. Ҷӯраев Иттиҳоди миллии созмонҳои волидони кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуди  ҶТ бо кӯмаки молиявии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон ва Барномаи шабакавии дастгирии таҳсилоти Лондон/Будапешт Кинофестивали «Нигоҳи баробар»-ро баргузор мекунад, ки дар бораи ҳаёти одамони имкониятҳои ҷисмониашон маҳдуд ҳикоят мекунад.

Тавре аз ИҶК-БМ дар ҶТ иттилоъ доданд, ҳадафи кинофестивали мазкур тавассути навору филмҳои кӯтоҳ ҷалб кардани таваҷҷуҳи ҷомеа ба проблемаҳои одамони имкониятҳояшон маҳдуд ва нишон додани қудратмандии онҳо дар талоши зиндагӣ мебошад.

Ба иттилои манбаъ, дар кинофестивал ролику филмҳо дар бораи одамони имкониятҳояшон маҳдуд, ки дар Тоҷикистону Қирғизистон ва Қазоқистону Русия наворбардорӣ шудаанд, намоиш дода мешаванд.

Гуфта мешавад, дар кинофестивал тамошобинон имконият доранд, ки бо қаҳрамонҳои асосии филмҳо, ки дар чорабинии мазкур ҳузур доранд, муколама кунанд. Ҳамчунин тамошобинон 3 навор ва  филми беҳтарини кинофестивалро интихоб мекунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки дар рӯзи дуюми кинофестивал консерт бо иштироки кӯдакони имкониятҳояшон маҳдуд ва ситораҳои эстрадаи тоҷик баргузор мегардад.