Ширкати сотмонии «УСК МонтажСтрой» ба бародари муҳоҷири кории фавтида дар майдони сохтмон, ки ҳамагӣ се рӯз дар ин ширкат фаъолият дошт, дар ҳаҷми 7,6 ҳазор доллари ИМА ҷубронпулӣ пардохт намуд.

Бино ба иттилои намояндагии Хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия, ба намояндагӣ Баҳриддин Хайруллоев, бародари муҳоҷири кории фавтидаи тоҷик Зайниддин Хайруллоев муроҷиат намуда, барои фиристодани ҷасади бародараш ба Тоҷикистон кӯмак мепурсад.

«Маълум мешавад, ки Зайниддин ҳангоми кор дар яке аз иншооти сохтмонии шаҳри Екатеринбург аз ошёнаи сеюм ба замин афтода, ба ҳалокат расидааст», - гуфтанд дар намояндагӣ.

Ба иттилои манбаъ, зимни вохӯрии корманди намояндагӣ бо мақомоти раҳбарии ширкати русиягии зикршуда дар бораи ба муҳоҷири фавтида пардохт намудани ҷубронпулӣ дар ҳаҷми 250 ҳазор рубли русӣ (тақрибан 7,6 ҳазор $) тавофуқ ҳосил шуда, пас аз ба расмият даровардани ҳуҷҷатҳои зарурӣ ҷасади муҳоҷир тариқи хатсайри ҳавоии Екатеринбург-Душанбе ба ватан фиристода шудааст.