Дар шаҳри Хуҷанд шабакаи нави телевизионии «Танин» ба фаъолият оғоз намуд .

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти раиси ҳукумати шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд, шабакаи нав алҳол тариқи санҷишӣ фаъолият дошта, дар ин шабака аз соати 06:00 то 00:00 асосан барномаҳои фароғативу фарҳангӣ, варзишӣ ва филмҳо намоиш дода мешаванд.

Ба иттилои манбаъ, муассис ва директори шабакаи телевизионии «Танин» овозхон Шермуҳаммад Шерматов мебошад.

Зимнан зикр гардид, ки маросими расмии ифтитоҳи шабакаи нави телевизионии «Танин» то ахири моҳи январ доир мегардад.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар шаҳри Хуҷанд 2 шабакаи телевизиони мустақили «СМ-1» ва «Азия» фаъолият доранд.